Обама барои раҳоии Толибон аз конгресс узр хостааст
Намояндаҳои маъмурияти президенти ИМА аз аъзои конгресс барои қаблан онҳоро огаҳ накардан аз тасмими раҳойии Толибон бар ивази низомии амрикоӣ маъзарат хостааст. Дар ин бора РБК иттилоъ медиҳад.
Сержант Боу Бергдали 28-сола, ки панҷ соли ахир дар асорати Толибон дар Афғонистон қарор дошт, 1 июни соли равон раҳо шуд. Толибон ӯро бар ивази озодии панҷ ҳамтояшон аз зиндони Гуантанамо раҳо карданд.
Ҷумҳурихоҳон изҳор доштаанд, раҳоии ин маҳбусон барои шаҳрвандони Амрико хатарбор аст. Майк Роҷерс, раҳбари кумитаи разветка дар палатаи намояндаҳо қаблан гуфта буд, аз мулоқоти мақомот бо террористон шадидан нигарон аст. Аммо Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико гуфт, роҳи дигари озодии шаҳрванди ИМА мавҷуд набуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |