1000 $ барои квотаи президентӣ? Даъвои Рӯзӣ Холов ва мавқеи мудир

Рӯзӣ Холов, сокини Мастчоҳи Кӯҳӣ, иддао дорад, ки масъулони Идораи маорифи ноҳия ба ивази додани квотаи президентӣ ба писараш аз ӯ ҳазор доллар талаб кардаанд.
Ҷаноби Холов баъд аз зӯҳри 4 июн ба “Озодагон” занг зада, дар ин бора дарди дил кард ва гуфт, писараш Асҳобуддин хатмкунандаи мактаби шумораи 5-и Мастчоҳи Кӯҳӣ буда, дар озмуни тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбӣ ҷойи аввалро гирифтааст. “Имрӯз бояд ба писарам квотаи президентиро месупориданд. Вақте намояндаҳо ба мактаб омаданд, писарамро роҳ надоданд. Нафароне, ки дар озмун иштирок накарда буданд, соҳиби квотаи президентӣ шуданд, писари ман - не”,-мегӯяд ин сокини Мастчоҳи Кӯҳӣ.
Абдуҷалил Қозиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, даъвои Рӯзӣ Холовро дар бораи талаби ҳазор доллар ба ивази додани квоати президентӣ бидуни асос донист. Ӯ дар сӯҳбат бо "Озодагон" гуфт, "писари Холов дар озмуни ноҳиявӣ ҷой нагирифтааст ва номи ӯ дар рӯйхати ғолибони озмун нест." Ин дар ҳолест, ки Рӯзӣ Холов мегӯяд, “мудир маро даъват карда гуфт, агар ҳазор доллар наорӣ, овора нашав, бачаат намегузарад. Агар квотаи президентиро ҳам ба тиҷорат табдил дода бошанд, пас, чӣ даркор ин қадар ташвиш? Як моҳ барои ин квота мо дар Душанбе сарсон будем. Рафта маълумотномаи духтурро биёреду чанд ҳуҷҷати дигар гуфтанд, ҳамаашро кардем. Боз тестҳоро харида омодагӣ дид. Агар пеш аз озмун мегуфтанд, ки нархи квота 1000 доллар аст, аз паси квота намешудем”,-афзуд Рӯзӣ Холов.
Мусоҳиби мо мегӯяд, масъулони маорифи ноҳияашон дар сӯҳбат бо ӯ гуфтаанд, ин миқдор пулро барои худ намегиранд, балки он барои “боло”-ст: “Агар барои “боло” пул даркор бошад пас чаро барои квота озмун эълон мекунанд? Зиндагии мардуми деҳот мушкил аст ва ман аз куҷо ин қадар маблағро пайдо мекунам?”
Квотаи президентӣ чанд соли пеш барои ҷалби духтарон аз хонаводаи камбизоат барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар таъсис шуда, инчунин, ба ҷавонписарон имконият дода шуда буд, то аз ин имтиёз истифода кунанд. Ҳарчанд раисиҷумҳур борҳо ба шаффоият дар ин бора таъкид карда, квотаи президентиро роҳи осони ҷалби духтарони камбизоат аз кӯҳистон донистааст, вале солҳои охир аз фурӯши ин имтиёзи раиси ҷумҳур сӯҳбатҳо бештар мешаванд. Соли гузашта низ мақомоти умури дохилии Суғд як сокини ноҳияи Восеъро боздошт карда буданд, ки худро яке аз одамони намоён нишон дода, барои дарёфти квотаи президентӣ аз мардум пул ҷамъ намуда будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |