Маҳви наздики 200 кило маводи нашъадор дар Душанбе
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон 4 июн дар оташдони махсус, воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва сахттаъсирро маҳв кардааст.
“Дар ҳузури комиссия, ки аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, 192 килову 598,2 грам маводи нашъаовар сӯзонда шуд”,-хабар медиҳад агентӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз ин миқдор 129 кг 879 гр каннабис, 34 кг 274 гр ҳашиш, 20 кг 294 гр афюн, 8 кг 123 гр ҳероин ва ҳудуди 1 000 дона ҳабҳои психотропӣ будааст.
“Маводи нашъаовари мазкур аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардидаанд”,-хабар медиҳад агентӣ.
Аз рӯзи таъсисёбии агентӣ то имрӯз зиёда аз 14 тонна маводи нашъаовар бо роҳи сӯзонидан нест карда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |