ВИДЕО: Боздошти як муллои ҳисорӣ барои таълимоти динии бе литсензия
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Ҳакималӣ Низомов, як сокини ноҳияи Ҳисорро, барои таълими динии бидуни иҷоза дар манзилаш боздошт намудааст. Ба иттилои масъулони ин ниҳод, оқои Низомов гӯиё ба ҳаштод наврас таълими динӣ дода, баъзан онҳоро зери шатта мегирифтааст ва ё бо қамчин ба ангуштонашон мезадааст.
Манбаъ мегӯяд, сабақомӯзони Низомов аз навоҳии мухталифи кишвар, аз ҷумла Ҳисор, Панҷ ва шаҳри Душанбе будаанд. Дар барномае, ки шоми 3 июн аз тариқи телевизонҳои давлатии Тоҷикистон пахш гардид, гуфта шуд, ки Абдураҳмони 8-сола, зодаи ноҳияи Панҷ, Толиб Баҳодурови 12-сола ва Абдурауф Алихоҷаеви 13-сола –сокинони шаҳри Душанбе мунтазам аз ҷониби Қорӣ Абдураҳмон, Қорӣ Субҳиддин, Қорӣ Ризвон ва Қорӣ Аҳкомиддин -- шогирдони бузургсоли Низомов мавриди латту кӯб қарор гирифта, захмҳои гуногун бардоштаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, “таълимоти Низомов дур аз фарҳангу маданияти тоҷикон буда, наврасонро ба роҳи бад мебарад”. Ҳоло бар асоси моддаҳои 164 ва 117-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи Ҳакималӣ Низомов парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |