Бахшҳо

Аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ, вазифаҳо ва дурнамои он

Аудит чист? Институти аудитӣ чӣ мақом дорад? Ба назар чунин мерасад, ки на ҳама дар ҷомеа ба вазифаҳои асосии институти аудитӣ ва аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ ошноянд. Оё вазифаҳои ин аудит санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аст ё чизи дигар? Ҳадаф аз таъсиси Раёсати аудити дохилӣ дар Кумитаи андоз чист?

Ҳоло барои рӯшноӣ андохтан ба ин масъала ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорону аҳли ҷомеа бо такя ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» ба суоли матраҳшуда, яъне аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ, сабабҳои созмон додани он ва дурнамои институти аудитӣ таҳлили мухтасаре дошта бошем.

Омилҳои пайдоиши Институти аудити дохилӣ

Институти аудити дохилӣ ба он хотир дар таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ ба вуҷуд омад, ки як зумра мушкилоти ҷиддӣ дар фаъолияти андозбандӣ ва андозситонии кишварҳои гуногун пайдо шуд. Мушкилоти ба вуҷуд омада ба мақомоти андоз имкон намедод, ки вазифаҳояшро босамар анҷом диҳад. Мушкилоти мазкур ҳам ба манфиати давлат ва ҳам ҳуқуқу манфиатҳои қонунии андозсупорандагон зарар ва зиёни ҷуброннопазир мерасонид, ки аз байн бурдани он истифодаи воситаҳои дурусту босамари ҳуқуқиро тақозо мекард.

Ҷой доштани мухолифатҳо, номутобиқатиҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии номукаммалу номушахас ва аз ҷониби масъулини мақомоти андоз нодуруст истифода ва татбиқ шудани меъёрҳои ҳуқуқӣ нисбат ба андозсупорандагон дар масъалаи андозбандиву андозситонӣ сабаби пайдо шудани баҳсҳои зиёди ҳуқуқӣ дар судҳо гардида, дар навбати худ натавонист, ба ҳалли баҳсҳҳо нуктаи ниҳоиро гузорад. Ин ҳама заминаи ба вуҷуд омадани эътироз, мухолифат ва ихтилофҳоро байни мақомоти андозу андозсупоранда гузоштанд.

Ин вазъ тақозо мекард, ки нисбат ба масъулини мақомоти андоз, ки дар масоили андозбандиву андозситонӣ ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, сари вақт чораҳои таъсирасонии ҳуқуқӣ татбиқ карда шуда, ҳуқуқҳои поймолшудаи андозсупоранда бартараф карда шаванд, шумораи баҳсҳои судӣ байни мақомоти андозу андозсупоранда то ҳадде коҳиш ёбанд. Ин заминаи воқеӣ, зарурати таъсис додан ва ба фаъолият оғоз намудани аудити дохилиро дар бахши давлатӣ, аз ҷумла дар Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён овард.

Тибқи муқаррароти зербандҳои 1, 4, 5, 6-и моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» «аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ, ҳамчун фаъолияти мустақил ва объективӣ оид ба гузаронидани санҷиш, баҳодиҳӣ ва машваратдиҳии низомҳои идоракунӣ ва дигар низомҳо, ки бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти қонунӣ, самаранок ва натиҷабахши ташкилотҳои бахши давлатӣ» арзёбӣ карда шуда, таъкид шудааст - «мақсадҳои супориши аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ - таъмини хулосаи объективӣ ва мустақил оид ба натиҷаи фаъолият ва натиҷаҳои ҷараён, низом» мебошад. Дар ҳамин боб инчунин тазаккур дода шудааст, ки вазифаи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ иборат аст аз - «ёрии машваратӣ-пешниҳоди тавсияҳо, хулосаҳо, изҳори ақидаҳо, омӯзиш ва дигар тавзеҳот, ки барои инкишофи ҷараёни идоракунӣ ва назорати таваккал дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» равона карда шудааст.

Аз ин бармеояд, ки вазифаи асосии воҳиди сохтории аудити дохилӣ дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти андоз ин аст, ки баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ ва мувофиқати онро дар бахши давлатӣ анҷом диҳад, ба мувофиқати фаъолияти сохторҳои таркибии ташкилоти бахши давлатӣ ба қонунгузории кишвар баҳо диҳад, ба самаранокии фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ оид ба истифодаи маблағҳо, басандагии назорати истифодаи онҳо ва роҳ надодан ба талафоти онҳо баҳогузорӣ намояд, тавсияҳои заруриро барои беҳтар намудани ташкилоти бахши давлатӣ ва сохторҳои дохили хоҷагии онҳо пешниҳод намояд, оид ба ҳама гуна омилҳои ошкоркунандаи фаъолияти ғайриқонунӣ ба роҳбар иттилоот пешниҳод намояд, баъди анҷоми аудит, хулоса ва тавсияҳо ва шарҳу эзоҳҳоро барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод кунад.

Тибқи қисми 1, моддаи 18- и Қонуни мазкур «Аудити дохилӣ набояд ба бархӯрди манфиатҳо роҳ диҳад». Ин аст муқаррароти қонун дар бораи Аудити дохилӣ.

Аудити дохилӣ, на барои гузаронидани санҷиши фаъолияти андозсупорандагон, (он тавре ки бархе гумон мекунанд) балки ҳамчун марҳилаи то судии ҳалли баҳсҳо, яъне мақоми мустақилу беғараз барои ҳалли мушкилоти андозсупорандагон бо масъулини мақомоти андоз таъсис дода шуд.

Аудитор кист ва ӯ чӣ рисолатеро ба зимма дорад?

Аудитор бояд шахси беғараз ва ҳеҷ иртиботе надошта, на танҳо ба андозсупоранда, балки ба масъули (масъулони) мақомоти андоз бошад, ки санҷишро гузаронидаанд. Аудитор бояд аз натиҷаи санҷиш, на манфиат дошта бошад ва на манфиате бардошта тавонад. Аудитор баъд аз таҳлилу баррасӣ бояд ба ин саволҳо посух гуяд:

оё масъулини мақомоти андоз дар ҷараёни гузаронидани санҷиши андоз, таҳияи санади санҷиш, ҳисоб кардану ислоҳ кардану илова кардани андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо нисбат ба андозсупоранда муқаррароти Кодекси андоз, қонунҳои конститутсионӣ, дигар қонунҳо, дастурамалҳо, қоидаҳоро дуруст татбиқ кардааст, ё не;

таъйид намояд, ки дар фаъолияти масъулини мақомоти андоз ва андозсупоранда кадом камбудиҳо ҷой доранд ва ифодашонро дар риоя накардани кадом санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ меёбанд;

оё зарурати такмил додани муқаррароти қонунгузории ҷорӣ, дастурамалҳо ё қоидаҳо ҷой дорад, ё не, ҳамзамон тавсияҳои худро бари бартаф намудани камбудиҳо, қонунвайронкуниҳо, такмил додани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва санадҳои зерқонунӣ пешниҳод намояд.

Дар сӯҳбат бо мо якчанд нафар соҳибкорон иброз доштанд, ки аудиторони Кумитаи андоз дидаю дониста ин талабот ва муқаррароти қонуни амалкунандаи кишвар, санадҳову таҷрибаи байналмилалиро сарфи назар намуда, баъзе аз салоҳиятҳои мақомоти андозро аз худ карда бошад ҳам, ин амалу беамалии ғайриқонунӣ аз мадди назари роҳбарияти Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия берун мондааст.

Ба назар чунин мерасад, ки маҳз аз доираи салоҳият ва ваколат баромадану аз ҷониби Раёсати аудити дохилӣ аз худ карда шудани вазифаҳои дигар сохторҳои Кумитаи андоз, мавқеъ, нуфуз ва обрӯву эътибори мақомоти андозро дар назди андозсупорандагон коста карда, ҳатто боиси зиёд шудани баҳсҳои судӣ байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон дар ин давра гашта, сарбории судҳо, махсусан судҳои иқтисодӣ ва ҳам кормандони масъули мақомоти андозро афзун намудааст.

Омӯзиши масъала ва мушкилоти воқеии байни андозсупорандагон ва мақомоти андози кишвар ҷой дошта нишон медиҳад, ки масъулини мақомоти андоз бо сабаби аз ин институти ҳуқуқӣ дуруст ва босамар истифода набурдан, натавонистаанд барои то суд ҳал намудани баҳсҳо кори назаррасро ба анҷом расонанд.

Агар сохтори аудити дохилӣ мувофиқи мақсад истифода шавад:

а) замина фароҳам меоварад, ки ҳимояи ҳуқуқи манфиатҳои андозсупоранда дар марҳилаи баррасии аризаи шикоятии ба мақоми болоии андоз ироа гардида, дар тавозун қарор дошта бошад;

б) имкон медиҳад, ки воқеӣ ва дурусту асоснок будани ваҷҳҳои дар шикояташ дарҷ намудаи андозсупоранда то марҳилаи судӣ ҳали худро ёбад;

в) шароит фароҳам меоварад, ки ба суд фақат баҳсҳои асоснок барои баррасӣ фиристода шаванд.

Аудити дохилӣ ва аз рӯи таъинот истифода намудани ин сохтор имкон медиҳад, ки дар марҳилаи аввали изҳори ақида нисбат ба маводҳои санҷиши андоз, ҳамаи ваҷҳҳои андозсупорандаву санҷишгари мақомоти андоз, ҳанӯз то баровардани қарори дохлдор мавриди омӯзиши гурӯҳи коршиносони холису беғараз қарор гирифта, қонунвайронкуниҳои ҷой дошта, сари вақт ошкор ва бартараф карда шуда, заминаи ба вуҷуд омадани ҳаргуна мухолифату ихтилофҳо, эътирозу нобовариҳо ва гуногунфаҳмиҳои байни андозсупорандаву мақомоти андоз ҷойдошта бартараф гардида, татбиқи дурусти қонун таъмин карда шавад.

Таҷрибаи давлатҳои дигар нишон медиҳад, ки агар интитути аудити дохилиро масъулини Раёсати аудити дохилии Кумитаи андози кишвар аз рӯи таъиноташ истифода намоянд, бешубҳа шумораи баҳсҳои судии байни мақомоти андоз ва андозсупоранда ҷой дошта ба андозаи назаррас коҳиш меёбад. Зеро андозсупорандагон танҳо дар мавриди аз ҳадди вақолати худ гузаштану ба қонунваайронкуниҳои маҳзу рӯирост роҳ додани баъзе масъулини мақомоти андоз, маҷбур мешаванд, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ба суд ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд.

Агар институти аудити дохилӣ дар мақомот дуруст ва барои баррасии шикояти андозсупорандагон аз болои амал ва ё беамалии масъулини мақомоти андоз аз натиҷаи ҳамагуна санҷишҳои андоз истифода шавад, андозсупорандагон аз ин ҳуқуқ ва имконот истифода хоҳанд кард. Агар институти аудити дохилӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ амал кунад, на танҳо заминаи то марҳилаи судӣ ҳалли фасл шудани баҳсҳоро байни андозсупоранда ва мақомоти андоз мегузорад, балки заминаи ба миён омадани марҳилаи муросикорову созишро байни андозсупоранда ва мақомоти андоз муҳайё месозад; асоси аз байн бурдани ҳамагуна нобовариҳо, мухолифатҳо, ихтилофҳои байни мақомоти андозу андозсупоранда ҷойдоштаро то марҳилаи судӣ мегузорад.

Институти аудити дохилиро қонунгузор на ба хотири мушкил кардану ба «сари андозсупоранда» «бор» кардани «боз як сохтори дигари санҷишгар», балки маҳз барои ҳал намудани баҳсҳои байни мақомоти андоз ва андозсупоранда ба вуҷудоянда ва бо мақсади то марҳилаи судӣ ҳал кардани он баҳсҳо пешбинӣ кардааст. Вазифаи Раёсати аудити дохилии Кумитаи танҳо санҷидани фаъолияти андозбандии субъекти андозсупоранда нест, балки вазифадор аст, ки ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро аз амалу беамалиҳои хилофи қонунӣ будаи масъулини мақомоти андоз ҳимоя намояд.

Агар, андозсупоранда аз болои амал ё беамалии масъули мақомоти андоз шикоят намояд, масъулинпи аудити дохилӣ вазифадоранд он далелҳоро мавриди омӯзишу таҳлилу баррасии холисона ва беғаразона қарор дода, бе роҳ додан ба кашолкорӣ, барои ҳалли мушкилоту қонунвайронкуниҳои ҷойдошта, ба Роҳбари Кумитаи андоз таклиф пешниҳод намояд.

Аудитор бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки сифату самаронокии назорати андоз таъмин шуда, масъулини мақомоти андоз аз доираи ваколаташон берун набороянд, қонунро нодуруст татбиқ нанамоянд, ба зиммаи андозсупоранда иҷрои ӯҳдориҳои ғайриқонунии андозро «бор» накунанд. Аз ин бармеояд, ки Раёсати аудити дохилӣ дар Кумитаи андоз бояд ҳамчун ҳомӣ ва кафили ҳуқуқу манфиатҳои қонунии андозсупорандагон баромад кунад, на санҷишгари фаъолияти онҳо.

Барои собит намудани фаъолияти воқеии масъулини ин Раёсат Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ин саволҳо посух гӯянд, ки ҷиҳати амалӣ намудани кадом вазифаҳо, мақсадҳо ва ӯҳдадориҳо аудити дохилӣ дар назди Кумита андоз таъсис дода шуда буд? Мақсад, вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои аудити дохилиро дар мақомоти давлатӣ, кадом қонуни амалкунандаи кишвар ба танзим медарорад? Оё фаъолияте, ки имрӯз Раёсати аудити дохилии Кумитаи андоз анҷом медиҳад ба талаботи қонунгузории кишвар, стандартҳои ҷаҳонии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқат мекунад? Дар давраи фаъолияташ, масъулини ин сохтор чанд шикояти андозсупорандаро оид ба фаъолияти мақомоти андоз, санадҳои санҷишиии андоз, масъалаи андозбандиву андозситонӣ баррасӣ карда, он баҳсҳоро ҳал намуда, мухолифату ихтилофҳо байни мақомоти андозу андозсупоранда ҷой доштаро бартараф кардаанд? Нақши Раёсати мазкур дар ҳалли то судии баҳсҳо бо масоили андозбандиву андозситонӣ ҷой дошта, дар чи ифода меёбад, ё баръакс боси ба вуҷуд омадани ин гуна баҳсҳо гаштааст?

Ба ҷои мулоҳиза ва ё чанд пешниҳод

Ба андешаи коршиносон, ҷиҳати дурусту мушаххас муайян кардани вазифа, мақсад, ӯҳдадориҳои Раёсати аудити дохилии Кумитаи андози кишвар бо дарназардошти муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдорро ба Кодекси андози амалкунандаи кишвар Вазорати молия яқчоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи то судии ҳал намудани баҳсҳои байни мақомоти андоз ва андозсупоранда ба миёноянда бо масоили андозбандиву андозситонӣ барои солҳои 2015-2020», дар ҳамбастагӣ ба ассотсиатсияҳои соҳибкорон таҳия ва баъди муҳокимаи умум қабул гардида, дар он масъалаҳои умумӣ, таҳлили тартиби то судии баҳсҳои андозбандӣ дар Тоҷикистон, мақсади таҳия, вазифаҳо асосҳо ва тартиби амалисозии ин конспесия, самтҳои асосии ҳалли то судии баҳсҳо оид ба масоили андозбандӣ ва андозситонӣ пешбинӣ карда шаванд. Он вақт, Раёсати аудити дохилӣ наметавонад боиси нигарониву ташвиши андозсупорандагон шавад, балки метавонад ҳамчун такягоҳу кафолати ҳуқуқу манфиатҳои андозсупорандагон баромад кунад.

Ҷумъахон САНГАЛИЕВ,
ҳуқуқшинос
Мӯҳр
Инро худи аудиторони Кумитаи андоз медониста бошанд? Онхо факат дар тафтиши фаъолияти мо сохибкорон машгуланд. пас маълум мешавад, ки вазифаи онхо тамоман чизи дигар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)