Серияи нави “Нури наҳзат”, иқрори Каримов ва радди ҲНИТ
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши баёнияе узви ин ҳизб будани Асадулло Каримов, қаҳрамони “серия”-и навбатии “Нури наҳзат” бо номи “Ҷодугари панҷакентӣ”-ро рад кард. Ин филм рӯзи 3 июни соли ҷорӣ вориди шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Ютуб шуда, дар он Асадулло Каримов – имоми масҷиди панҷвақтаи ҷамоати Амондараи ноҳияи Панҷакент ҳамчун узви ҲНИТ муаррифӣ гардид.
Масъулони ҲНИТ мегӯянд, “пахшу паҳни ин навор идомаи корзори бадномкунии ҳизб ва қишри руҳоният аз тарафи гуруҳи вижа аст”. “Ҳар инсони бовиҷдон ин наворро тамошо кунад, хоҳад фаҳмид, ки он ҷуз туҳмату буҳтон ва он ҳам аз роҳи ғайриахлоқиву дурӯғ, беш нест”,-таъкид шудааст дар баёнияи ҲНИТ.
Дар серияи навбатии филми “Нури наҳзат” Асадулло Каримов намоиш дода шуд, ки ба қавли гӯяндаи он ба бадахлоқӣ ва дастдарозӣ ба номуси баъзе аз занону духтарони корафтода айбдор мешавад. Дар ин филм гуфта шуд, Каримов тақрибан як соли охир ҳуҷареро дар Панҷакент ба иҷора гирифта, машғули бахткушоии духтарони ҷавону гармкунии занон ба ҳамсаронашон будааст.
Дар ин навор худи Асадулло Каримов ҳам ҳарф зада, мегӯяд, таълимоти диниро дар Исфара, дар назди рӯҳониёни шинохта гирифтааст, вале аз кадоме онҳо ном намебарад. Худи Каримов дар ин навор гуфт, “як сол пеш китоби “Канзулҳусейн”-ро гирифтам. Нуҳ моҳ шуд, ки як хонаро ба иҷора гирифта, мехондам. Қасидахонӣ мекардам, тарсхонӣ... Баъзе занҳоро, ки бо шавҳарашон ҷанг мешуданд, гарм мекардам. Рӯзи 31 март ду духтар омад. Ношинос. Хостанд, бо нағздидаҳояшон гарм кунам. Он духтарҳо бегоҳӣ омаданд. Баъд аз омаданашон болои ду синаи яке аз духтарҳо хат навиштам. Онҳо оби RC Cola оварданд. Хостам, ҳамин навштаҳоямро бо RC Cola шуста гирам. Хостам, ба авраташ ҳам нависам. Баъд аз он нафсам боло гирифта, хостам, бо ӯ алоқа кунам.”
Филми силсилавии “Нури наҳзат”, ки иборат аз чанд қисм мебошад, сархатти баҳсҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дорад ва ҳатто ахиран диски он низ дар бархе аз масоҷиди кишвару хонаҳои сокинон тақсим карда шудааст. Дар ин "филм" бо намоиши наворҳои маҳрамона бархе аз раҳбарони бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавриди мазаммат ва танқиди шадид қарор гирифтаанд. Дар ин наворҳо таъкид мешавад, ки ин "филм"-и силсилавӣ гӯиё аз сӯи Хадамоти амнияти дохилии ҲНИТ ба хотири ифшо ва сади роҳ шудани амалҳои бархе аз масъулини ҳизб таҳия мешавад.
Дар чанде аз филмҳои пешинаи “Нури наҳзат” наворҳои фаҳшо ва шаҳвонӣ зиёд истифода шуда буд, ки ҳатто аз сӯи Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, мавриди интиқод қарор гирифт. Абдулқодирзода гуфт, “ин наворҳо обурӯ ва ҳайсияти мусалононро паст зада, як навъ тарғиби фаҳш ва бадахлоқӣ дар ҷомеаи мусалонии Тоҷикистон аст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |