Радди бунёди бузургтарин масҷид аз сӯи Алишер Усмонов
Алишер Усмонов, олигархи узбаки муқими Русия, хабарҳо дар мавриди бунёд шудани бузургтарин масҷиди Узбакистон аз ҳисоби ӯ дар шаҳри Тошкандро такзиб кардааст.
Дафтари матбуотии олигархи узбак бо ирсоли номае ба унвонии Оҷонси иттилоотии fergananews гуфтааст, хабари бунёд шудани масҷиде дар шаҳри Тошканд аз сӯи Усмонов асоси воқеӣ надорад. Дар ин нома, худи олигарх гуфтааст, “бо шунидани ин хабар, ки гӯиё аз ҳисоби ман дар шаҳри Тошканд бузургтарин масҷиди Узбакистон бунёд мешавад, бисёр ҳайратзада шудаам. Дар сохтмони он ширкат надорам, ҳарчанд саҳм гузоштан дар чунин лоиҳаҳои бузургро хуш дорам.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран оҷонсии мазкур хабар дода буд, Алишер Усмонов дар шаҳри Тошканд ба номи ҷиянаш бузургтарин масҷиди Узбакистонро бунёд менамояд, ки тарҳи сохтмони ибодатгоҳ норозигии сокинонро ба бор овардааст. Ба иттилои манбаъ, барои пайваст кардани роҳи масҷид ба идораи муфтиёти Тошканд гӯиё манозили зисти бархе сокинон тахриб шудааст.
Масҷиди мазкур дар соҳили наҳри Анҳори шаҳри Тошканд бунёд мешавад, ки барои 2 ҳазору 400 намозгузор пешбинӣ шудааст. Зери қарор дар мавриди бунёди масҷиди бузургтарини Узбакистон моҳи июли соли 2013 президент Ислом Каримов имзо гузошт. Қарор аст, корҳои сохтмонӣ то 1 ноябри соли 2014 анҷом ёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |