Талаби додситонӣ барои бекор кардани никоҳи зани рус бо марди тоҷик
Додситони шаҳри Отраднийи минтақаи Самараи Русия бо аризаи даъвогӣ аз додгоҳ хостааст, ақди никоҳи зани рус ва шаҳрванди Тоҷикистон бекор карда шавад.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии минтақаи Самара никоҳи ин ду нафар, “фиктивний” буда, муҳоҷири тоҷик онро ба хотири дарёфти шаҳрвандии Русия бастааст: “Мақомот муайян кардаанд, ки никоҳи тақаллубӣ моҳи майи соли 2013 баста шуда, зани рус барои мӯҳри оиладорияш дар шиноснома 7 ҳазор рубли русӣ маблағ гирифтааст.”
Мақомоти рус мегӯянд, ин зану шавҳари тақаллубӣ бо ҳам зиндагӣ надоштаанд ва тақдири минбаъдаи оиладорияшонро суд муайян хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |