Эҳзори кордори сафорати Туркия ба вазорати умури хориҷии Миср
Кордори сафорати Туркия дар Қоҳира ба Вазорати умури хориҷии Миср эҳзор шудааст. Бадр Абдулъотӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Миср дар ин бора хабар дода, гуфтааст, ин иқдом дар пайи дастури раҳбари ин ниҳод сурат гирифтааст.
Абдулъотӣ эҳзори кордори сафорати Туркия ба вазорати умури хориҷии Мисрро ба изҳороти ахири Анқараи расмӣ алайҳи интихоботи президентии кишвараш, ки ба пирӯзии Абдулфаттоҳ Сисӣ, сарфармондеҳи пешини қувваҳои мусаллаҳ ва асосгузори кудетои низомӣ дар Миср анҷом ёфт, рабт додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин фарохонӣ ба кордори турк бори дигар пойбандии Қоҳира ба асли дахолат накардан ба умури дохилии дигар кишварҳо тазаккур шудааст: “Мо метавонистем, интиқодҳои фаровонеро дар робита ба интихоботи маҳаллии Туркия, ки моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шуда буд, равона созем, аммо накардем. Аз ин рӯ, аз Туркия низ таваққуъ дорем, то ба иродаи мардуми Миср эҳтиром гузорад.”
Ин дар ҳолест, ки дар пайи барканор шудани Муҳаммакд Мурсӣ, раисиҷумҳури баргузидаи Миср дар моҳи июни соли 2013 аз сӯи артиши ин кишвар, Анқара бо нашри изҳороти онро кудетои низомӣ хонда, гуфт, раисиҷумҳуре, ки баъд аз Мурсӣ интихоб мешавад, ба расмият нахоҳад шинохт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |