Додгоҳи Русия муҳоҷири тоҷикро барои пешниҳоди “пора” ҷарима баст
Азал Шарофов, як муҳоҷири тоҷики муқими шаҳри Саратов, аз сӯи додгоҳи вилояти Уляновски Русия ба маблағи 60 ҳазор рубли русӣ ҷарима шудааст.
Тавре дафтари матбуоти додгоҳи мазкур хабар медиҳад, Шарофов аз ҷониби кумитаи тафтишотии Уляновск дар қасди додани ришва муттаҳам шуда, бар асоси тамоми айбномаҳо гунаҳкор дониста шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон 24 феврали соли ҷорӣ дар шоҳроҳи “Урал-М5” қоидаи ҳаракат дар роҳро нақз карда, ба самти муқобил мебарояд, ки дар натиҷа аз сӯи кормандони БДА боздошт мешавад. Номбурда гӯиё ба хотири гурез аз ҷавобгарӣ ба маъмурони пулис ришва дар ҳаҷми 2 ҳазор рубли русӣ пешниҳод намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |