Назорати интихоботи президентии Сурия аз сӯи намояндагони Тоҷикистон
Интихоботи президентии Сурияро намояндагони 9 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон Эрон ва Русия назорат мекунанд. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, намояндагони ин кишварҳо рӯзи 2 июни соли ҷори озими Димишқ, пойтахти Сурия шудаанд.
Интихоботи президентии Сурия бо вуҷуди авҷи ҷангҳои дохилӣ субҳи рӯзи 3 июн оғоз гардид. Дар ин интихобот се номзад, аз ҷумла Башшор Асад, раиси ҷумҳури феълии ин кишвар иштирок доранд. Дар баробари Асад, Ҳасан Нурӣ, профессори донишгоҳи Димишқ ва Моҳир Ҳоҷир, вакили парлумон низ барои курсии раёсати Сурия талош доранд.
Ҳарчанд мухолифини Сурия ин интихоботро қабул надоранду онро як мазҳакае бо номи демократия медонанд, аммо ҳукумати Башшор Асад бар ин аст, ки дар таърихи навини кишварашон барои бори нахуст чунин интихобот бо иштироки се номзад баргузор мешавад. Моҳи марти соли ҷорӣ ба қонуни интихоботи Сурия тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки дар интихоботи президентӣ иштироки чанд номзадро иҷоза медиҳад. То кунун раиси ҷумҳури Сурия аз сӯи ҳизби ҳоким пешниҳод шуда, парлумон ӯро тасдиқ мекард. Сипас, раъйпурсӣ ба ҷонибдорӣ аз ин номзад гузаронида мешуд.
Башшор Асад дар пайи чунин як раъйпурсие 27 майи соли 2007 бо ба даст овардани 97,62 дарсади оро ба курсии раҳбарии Сурия нишаст. Баргузории интихоботи президентии Сурия дар ҳолест, ки аз соли 2011 ба ин сӯ ҷанги дохилиии ин кишвар миёни мухолифин ва тарафдорони ҳукумати Башшор Асад идома дорад. Ба иттилои манобеи хабарӣ, шумораи қурбониёни нооромиҳои Сурия ба беш аз 160 ҳазор нафар расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |