Талаби Узбакистон барои манъи фаъолияти Институти фаронсавӣ дар Тошканд
Институти фаронсавӣ дар шаҳри Тошканд фаъолияти худро қатъ мекунад. Дар ин бора Сафорати Фаронса дар Узбакистон иттилоъ додааст.
Бино ба хабари манбаъ, бо талаби мақомоти Узбакистон фаъолияти институти мазкур аз 30 июни соли 2014 комилан қатъ хоҳад шуд. “Баъди ин сана чорабиниҳои фарҳангӣ дар сафоратхона идома хоҳанд ёфт”,-афзудааст манбаъ.
Институти фаронсавии ба номи В. Гюго фаъолияти худро дар Узбакистон соли 2002 оғоз кард. Он ба шаҳрвандони Узбакистон забони фаронсавӣ омӯзонда, ҳамчунин давраҳои омӯзишии театриву рақсӣ дошт. Дар институти мазкур имкони тамошои телевизионҳои Фаронса ва дастрасии ройгон ба интернет мавҷуд будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |