Бахшҳо

Нигаронии генерал аз афзоиши “разбору лидертарошӣ”-и хонандагон

Генерал Саид Ҷӯрахонов, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, аз муноқишаи мактаббачаҳо, ки бештарашон бо кордзанӣ ва куштор меанҷоманд, ибрози нигаронӣ кард. Ӯ волидонро ба масъулиятшиносии бештар даъват намуд.

Ҷӯрахонов дар шарҳи қазияи куштори Бурҳониддин Зарифов -- хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи рақами 66-и пойтахт, ки 30-юми май, зимни як муноқишаи ноболиғон сурат гирифтааст, ба “Озодагон” гуфт, “аз аввали соли ҷорӣ 11 ҳолати муноқишаи ноболиғон сабт шудааст, ки се ҳолаташон бо кордачазанӣ ва як ҳолат бо марги инсон анҷом ёфтааст.”

Генерал омили аслии чунин муноқишаҳоро нофаҳмиҳои ночиз миёни ноболиғон арзёбӣ карда, афзуд, дар бисёре аз ин ҳолатҳо ноболиғон даъвои лидерӣ карда, даст ба зӯроварӣ мезананд. “Аз аввали соли ҷорӣ то кунун 11 ҳолати латту кӯб ва кордчазанӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон рух додааст, ки аз ин 3 ҳолат кордчазанӣ буда, як нафар фавтид. Бештари ин ҷиноятҳо бегоҳӣ рух медиҳанд ва волидон низ аксаран беаҳамиятӣ мекунанд. Вақте фарзандашон бевақт аз хона мебарояд, намепурсанд, куҷо ва барои чӣ меравад?”,-афзуд ӯ.

Дар робита ба муноқишаи ахир, ки бо куштори Бурҳониддин анҷомид полковник Баҳриддин Давлатбеков, сардори гуруҳи тафтишотии ин қазия ба “Озодагон” гуфт, “муноқиша аз нофаҳмии ду хонанда дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” оғоз шудааст, ки яке дигареро мегӯяд, ту арӯс надорӣ. Баъд аз ин ҷойро муайян мекунанду мулоқот мекунанд, ки бо кордчазанӣ ва куштори як нафар анҷомид.”

Давлатбеков афзуд, нафари кушташуда ба ин нофаҳмиҳо, дахле надоштааст, вале чун варзишгар буд, ба муноқиша даъват гардидааст: “Феълан 9 нафар боздошт шуда, тафтишот идома дорад. Муайян гардид, ки Бурҳониддинро як ҷавони соли таваллудаш 1996 корд задааст, ки таҳсилро аз синфи 8-ум қатъ карда, то ҳол дар ҷое нахондааст.”

Бурҳониддин Зарифов, хонандаи синфи 11 бегоҳи 30-юми май зимни муноқишаи мактаббачаҳо ба ҳалокат расидааст. Ӯ, истиқоматкунандаи деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат будааст, ки барои таҳсил дар хонаи хоҳари калонияш дар ноҳияи Сино зиндагӣ мекардааст
Мӯҳр
Шариф
То 18 сола ба масчид наравед ки дузд ва терорист мешавед ба казино ва дискоклубхо равед. Мана натичаи коуни масъулияти Хукумати Точикистон. Овози азон пахш накунед бо хичоб ба дарс нарпавед .

abcde
digar gap nadored faqat padaru modar bahona shudaast ba shumo in gapi shumoro kudakham meonad , digar chi padaru modar farzandro ba magoza ravon karda ham nametavonad. In be masuliyatii shumo, maorif va kumitai din meboshad. Sarmanda karded hamaro bo gaphoi druginaton

Абдуллох
Чавононро аз масчиду ислом дур кунед куштору горат бештар мешавад. Олимои хакгуро ба минбаро гузорад то чавоноро ислох намоянд бо ахлоку панди исломи

Адл
Ин љавон, км гумонбари љиноят мебошад, таҳсилро аз синфи 8-ум қатъ карда будааст ва то ҳол дар ҷое нахондааст. Албатта, ки ба ягон кор машѓул набошї ё тањсил накунї даст ба љиноят мезанї. Нигаронии генерал њам факат имруз не, чанд сол аст, ки аз чунин муноќишањои ноболиѓон нигаронї мекунад. Дуруст ќайд намудаанд, ки дар беназоратии ноболиѓон волидон гунањкоранд. Баъзе аз падару модарон нисбати назорати фарзандон бемасъулиятї мекунанд. Ноболиғон даъвои лидерӣ карда, даст ба зӯроварӣ мезананд, гуфтааст Генерал. Чунин лидерњоро ёфта, бо онњо корњои тарбиявї гузаронида, аз роњи нодуруст баргардонида, кори њама љомеа мебошад, махсусан кори Хадамоти кор бо ноболиѓон. Дуруст гуфтаанд, генерали муњтарам, ки падару модар ба фарзандашон, ки аз хона мебарояд ва беваќт ба хона медарояд, ањамият дињанд, пурсанд куҷо меравї, барои чӣ меравї, бо ки меравї. Кутоњи гап њамин ки фарзандашонро назорат кунанд. Њатто корбарии фарзандонро дар шабакањои иҷтимоии “Одноклассники”, «Фейсбук» ва назорат кардан даркор. Дигар ин, ки навишта шудааст, ки нафари кушташуда ба ин нофаҳмиҳо дахле надоштааст, вале чун варзишгар будааст, ба муноқиша даъват гардидааст, яъне «Разборщик» будааст ва боз таҳсилро аз синфи 8-ум қатъ карда, то ҳол дар ҷое намехондааст. Оќибати «ба харе кор надорї, ба ў хар чї кор дорї» -ро имрўз дар зандагї дидем ва њам хондем. Агар варзишгарон барои њалли муноќишањо даъват мегардида бошанд, бо онњо корњои тарбиявї-фањмондадињї гузаронидан лозим, муњтарам …

Рустам
ДИЛХОИ ПУРКИН ТАНЗИМИ ОИН НАТИЧА ХАМИН

рузи 29 май бегох 6-8 нафар бачои мактаби 32 як нафар талабаи мактаби 59-ра задан..меган у бача судяи футболаю худушам футболбози мекуна..капитани командаи мактабай..оташ да Федератсияи футбол кор мекуна..У бачои задагира делошона отдели синои як бурдесай..илтимос Озодагон хами мавзура тафтиш кунен, ку ростай.

Самархон
шумо як гапа капиден да масчидравира манъ кардед изо намекашен як гапа ранги ахборои шабакаи аавал такрор ба такро меген

Олиха
Сабаби ин мочароро нахуст ошкор ва баъд бодиккат омузед. Аз чи ин мунокиша сар задааст. Яке ба дигаре арус дори надори гуфтааст. Холо бачахои ин сину сол кариб хама хамчисгаро шудаанд. Вой бар холи ин чавонхову волидон онхо. Минбаъд чунин мунокишахоро зуз-зуд интизор шавед. Ахлок дар сатхи бисёр паст карор дорад. Мо ба пеш на ба кафо харакат дорем. Ин ходисахоро пещгири мебояд. Калбхои торику гажди онхо бояд поксози шавад.Ба гумони банда мактабхо дар дарсхои тарбияви сухбати олимони динро чори намоянд.

Шариф,
Шариф,
Шариф,
Шариф,
Шариф,
Шариф,

Тахмина, Хучанд
Ба ин чавонони мактабхон магар тани сихати Худодод намефорад? Кучо ин кудакон чангу гуруснагиро дидаанд, ки ин кадар котил ба воя мерасанд? Охир махбасхонахои кишвар пур аз ин хел чавонон шудааст. Кош хар фарзанди инсон дилаш ба мардуму кишвараш бисузад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)