Амри Убайдуллоев дар бораи амалиёти “Кӯкнор-2014” дар Душанбе
Бар асоси қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, шарҳдори Душанбе, аз 20 май то 30 ноябри соли ҷорӣ дар қаламрави пойтахти кишвар амалиёти “Кӯкнор-2014” сурат мегирад. Ҳадафи ин амалиёт “ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои шаҳрӣ барои ошкору нобудсозии растаниҳои нашъаовари худрӯй ва тақвияти мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дар ҳудуди пойтахт” арзёбӣ шудааст.
Дар қароре, ки зери он Маҳмадсаид Убайдуллоев имзо гузоштааст, барои назорати амалиёти “Кӯкнор-2014” дар пойтахт ситоди кории шаҳрӣ таъсис ёфтааст. “Ситоди шаҳрӣ дар ҷараёни баргузории амалиёти “Кӯкнор-2014” на камтар аз як бор дар ду моҳ ҷаласа гузаронида, дар ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани амалиёт, ба ошкору пешгирӣ ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадор, шахсони ба хариду фурӯши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ташкил ва нигоҳ доштани ҷойҳои истеъмол ва фурӯши онҳо, воридоти онҳо ба шаҳр (баровардан аз шаҳр) машғуланд, диққати махсус диҳад”,-омадааст дар матни қарори шаҳрдори Душанбе.
Ситоди шаҳрӣ, инчунин, муваззаф шудааст, ки аз натиҷаи амалиёт дар ду давра, яке то 15 июл ва дигаре то 1 декабри соли 2014, ба Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон гузориш пешниҳод намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |