Боздошти 450 нафар барои задухӯрди муҳоҷирон дар "Москва-Сити"
Пулиси шаҳри Маскав дар пайи таҳқиқи задухӯрди дастҷамъонаи 26 майи муҳоҷирони корӣ дар маҳалли “Маскав Сити” ҳудуди 450 нафарро боздошт кардааст. Тавре дафтари матбуоти Сарраёсати умури дохилии Маскав хабар медиҳад, дар робита ба ин задухӯрди муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тибқи моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия дар бораи “авбошӣ” парванда боз шудааст.
Манбаъ мегӯяд, аз афроди боздоштшуда, ба хотири муайян кардани даст доштанашон дар ин қазия изи ангушт ва баёнот гирифта мешавад. Расонаҳои русӣ охирҳои ҳафтаи гузашта аз задухӯрди дастҷамъонаи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дода буданд. ]Дар навори видеоие, ки рӯзи 29 май ба шабакаи Ютуб роҳ ёфтааст, дида мешавад, чигуна ду гуруҳи 50-нафарии муҳоҷирон бо асбобҳои сохтмонӣ болои якдигар ҳамла мекунанд.
Тавре аз сухану ҳарфҳои онҳо бармеояд, яке аз ҷонибҳо муҳоҷирони кории Узбакистон мебошанд. Аксари шарҳнависон ҷониби дигари задухӯрдро тоҷикон гуфтаанд, вале дар навор ҳеч гуна гуфтору ҳарфи тоҷикӣ шунида намешавад. Нашрияи “Комсомолская правда” менависад, ин задухӯрд миёни муҳоҷирони корӣ як муддати кӯтоҳ давом карда, ҳатто дар робита касе ба пулис шикоят ҳам набурдааст.
Дар ҳамин ҳол, Сафорати Тоҷикистон дар Русия навори задухӯрди дастҷамъонаи муҳоҷирони кориро дар Маскав таҳқиқ карда, эълон намудааст, ки тоҷикон дар он иштирок накардаанд. Ҳабибулло Каримов, масъули сафорат ба “Озодагон” иттилоъ дод, таҳқиқи қазия дар пайи дастури Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав таҳти роҳбарии Ашраф Гулов, консули Тоҷикистон дар ин кишвар сурат гирифтааст: “Кормандони хадамоти консулгарии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса-сохтмони “Маскав-Ситӣ” рафта, баъди суҳбат бо мудири кулли ширкати туркӣ, Ҳасан Ускан, ки ин сохтмонро ба уҳда дорад ва бригадири сохтмон Ҷартиф Эркин, ки зодаи Кӯлоб аст, муайян намудаанд, ки ягон тоҷик дар ин задухӯрд иштирок накардааст. Дар сохтмон ҳудуди 2000 муҳоҷир кор мекунад, ки зиёда аз 1800 нафарашон шаҳрвандони Узбакистон ва тахминан 150 – 200 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.”
Аммо Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд, дар ин задухӯрд тоҷикон низ иштирок доштаанд. Шарифов дар шарҳи қазия ба расонаҳои русӣ гуфтааст, муноқиша барои ҷои кори беҳтар сар задааст, ки яке мехостааст онро соҳиб шавад, вале масъулини турк онро ба дувумӣ додаанд. “Чунин задухӯрдҳо дар сохтмонҳои Маскав зиёд рух медиҳанд, аммо на аз ҳамаашон омма хабардор мешавад”,-афзудааст ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |