Наҷмиддин Абдураҳмонов: Форуми олимон барои донишмандони ҷавони тоҷик муфид аст
Дар Боку, пойтахти Озарбойҷон форуми байналмилалии олимони ҷавон баргузор шуд.
Таъсиси иттиҳодияи корӣ ва кӯмак ба таҳкими иртиботи мавҷуда миёни намояндаҳои ҷавони бахши илм аз кишварҳои мухталиф ҳадафи аслии форум гуфта мешавад. Наҷмиддин Абдураҳмонов, мутахассиси пешбари дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва яке аз иштирокдорони форум аз Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, баргузории чунин форумҳо барои таҳкими равобити олимони ҷавон кӯмак хоҳад кард: “Дар шароити феълӣ мустаҳкам намудани ротибаҳои олимони ҷавони тоҷик бо донишмандони дигар кишварҳо ба манфиати кор хоҳад буд. Табодули таҷриба, баррасии мавзӯъҳои муҳим ва ҳамкориҳои самаранок барои рушди илм ва пешрафти кишвар кӯмак мерасонад”.
Форуми байналмилалии донишмандон бо ташаббуси Вазорати ҷавонон ва варзиш, Академияи илмҳои Озарбойҷон, ЮНЕСКО, Шӯрои ҷавонони пажуҳишгари “Eurodoc” ва Ҷамъияти олимон, аспирант ва магистрҳои ҷавони Озарбойҷон таъсис баргузор шуда, дар он беш аз 500 нафар бо намояндагӣ аз 100 кишвар ширкат намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |