Моника Рекха Марутхираҷ, ҳунарпешаи маъруфи синамои Ҳиндустон аз шоу-бизнес канор рафта, Исломро қабул кардааст.
“Ман Исломро на барои муҳаббат ва на барои пул қабул кардаам. Ман чунин инсон нестам. Ба ман принсипҳои Ислом писанд омад ва барои ҳамин онро қабул кардам. Аз ин баъд дигар дар синамо бозӣ намекунам, ҳарчанд қалбам ҳоло ҳам барои он метапад, аммо тасмимам қатъист”,-гуфтааст ӯ, зимни як нишасти хабарӣ. Times of India мегӯяд, Моника, акнун номи Раҳимаро дар худ гирифтааст.