HRW ҷаримабандии Тутубалинаро нақзи озодии баён хонд

Дидбони ҳуқуқи башар- HRW бо пахши як изҳорот аз ҳукми додгоҳи Тоҷикистон барои ҷаримабандии рӯзноманигор Олга Тутубалина ва ҳафтаномаи “Азия Плюс” интиқод намудааст.
Стив Свердлов, масъули HRW дар Осиёи Марказӣ қарори додгоҳи Тоҷикистонро барои ҷаримабандии нашрия ва рӯзноманигор як навъ фишор ба озодии баён арзёбӣ карда, аз додгоҳи зинаҳои болоӣ хостааст, ин ҳукмро лағв кунад.
Ин ниҳод аз Тоҷикистон хостааст, уҳдадориҳои байналмилалияшро, ки озодии баёнро кафолат медиҳанд, иҷро намояд.
Ин дар ҳолест, ки додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ ҳукми Додгоҳи Фирдавсии пойтахт дар бораи ҷаримаи “Азия-Плюс” ва муҳаррири он -- Олга Тутубалинаро бидуни тағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ баҳси як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик бо Олга Тутубалина, муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро ба поён бурда, қарор кард, ки ин матлаб як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён мебошад ва ӯ бояд 30 ҳазор сомонӣ пардохт кунад.
Қаблан Созмони хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) аз додгоҳи марҳилаи кассатсионии Тоҷикистон даъват карда буд, қарор нисбат ба рӯзноманигор ва нашрияро бекор кунад. Ин созмон қарори додгоҳ, ки Тутубалинаро муваззаф намудааст, барои таҳқири қишри зиёӣ 30 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардозад, беасосу ғайримантиқӣ ва як зарбаи сахт барои рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон хонда буд.
Олга Тутубалина дар матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции” (Нозиёиёна дар бораи зиёиён) бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд. Дар пайи ин, як гуруҳ аз зиёиёни кишвар, ки роҳбарияти Иттиҳодияи нависандагону Академияи улуми Тоҷикистон низ шомили он буданд, ба додгоҳ муроҷиат карда, ҷуброни зарари маънавӣ хостанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |