Каромат Шарифов: Дар задухӯрди “Маскав-Ситӣ” тоҷикон низ буданд
Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд, дар задухӯрди бераҳмонаи 26-уми май дар сохтмони “Маскав Ситӣ” тоҷикон низ иштирок доштаанд.
Шарипов дар шарҳи қазия ба расонаҳои русӣ гуфтааст, муноқиша барои ҷои кори беҳтар сар задааст, ки яке мехостааст онро соҳиб шавад, вале масъулини турк онро ба дувумӣ додаанд: “Чунин задухӯрдҳо дар сохтмонҳои Маскав зиёд рух медиҳанд, аммо на аз ҳамаашон омма хабардор мешавад.”
Шарипов афзудааст, ки танҳо аз як маҷруҳ дар ин задухӯрд огоҳӣ ёфтааст, ки бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бисторӣ шудааст: “Худатон медонед, ки дигар ҷабрдидагони ҳодиса на ба пулис ва на ба беморхона муроҷиат нахоҳанд кард.”
Ин дар ҳолест, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия навори задухӯрди дастаҷамъонаи муҳоҷирони кориро дар Маскав, ки бархӯрд миёни тоҷикону узбакон арзёбӣ мешуд, таҳқиқ карда, эълон намудааст, ки тоҷикон дар он иштирок накардаанд.
Тавре Ҳабибулло Каримов, масъули сафорат ба “Озодагон” иттилоъ дод, таҳқиқи қазия дар пайи дастури Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав таҳти роҳбарии Ашраф Гулов, консули Тоҷикистон дар ин кишвар сурат гирифтааст: “Кормандони хадамоти консулгарии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса-сохтмони “Маскав-Ситӣ” рафта, баъди суҳбат бо мудири кулли ширкати туркӣ, Ҳасан Ускан, ки ин сохтмонро ба уҳда дорад ва бригадири сохтмон Ҷартиф Эркин, ки зодаи Кӯлоб аст, муайян намудаанд, ки ягон тоҷик дар ин задухӯрд иштирок накардааст. Дар сохтмон ҳудуди 2000 муҳоҷир кор мекунад, ки зиёда аз 1800 нафарашон шаҳрвандони Узбакистон ва тахминан 150 – 200 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.”
Ба иттилои манбаъ пулиси минтақаи Пресненскаяи шаҳри Маскав низ тасдиқ кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муноқиша иштирок надоштаанд: “Маълум гардид, ки муноқишаи дастҷамъона рӯзи 26 майи соли ҷорӣ дар наздикии маҳаллаи “Маскав Ситӣ” миёни коргарони сохтмон рух додааст, ки ҳамаашон шаҳрвандони Узбакистон мебошанд.”
Аммо сафорати Узбакистон дар Русия низ эълон кардааст, ки шаҳрвандони кишвараш дар ин задухӯрд иштирок накардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |