Аз 26 то 30-юми августи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво нисбатан пойин рафта, чангу ғубор ба амал меояд.
Тавре Парвина Саидҷамолова, сардори маркази пешгӯии обу ҳаво ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, аз сабаби ворид шудани ҳавои сард аз шимол ба ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво нисбатан паст фаромада, вазъи ҳаво дигаргун мешавад. Дар ин муддат ҳарорат дар водиҳо 4-5 дараҷа паст мефарояд, дар вилояти Хатлон 32-37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои тобеи марказ 30-35 дараҷа гарм, дар вилояти Суғд бошад, 28-33 дараҷа , дар кӯҳҳои минтақа 27-32 дараҷа гарм. Дар ғарби ВМКБ 23-28 дараҷа дар шарқи вилоят бошад ба 13-18 дараҷа мерасад. Дар Душанбе то 32-33 дарҷа гарм мешавад, аз сабаби хушкии замин шамол то 4-5 метр дар сония паҳн мегардад.
Мӯҳр