Раҳимов: Муроҷиати фаъолони Бадахшонро ба вазир расондам

Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек мегӯяд, дархости бадахшониёни муқими Қирғизистон дар мавриди ҳаводиси ахири Хоруғ ба мақомоти марказии тоҷик расонда шуд ва рафти баррасии он пайгирӣ хоҳад шуд.
Раҳимов имрӯз, 31-уми май дар мулоқот бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон дар Бишкек таъкид кардааст, ки гирдиҳамоии 24-уми май дар доираи қонун бо иҷозати мақомоти маҳаллии Бишкек сурат гирифта буд ва назару талаботи ҷамъомадагон ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон расонда шудааст: “Ба ман худи ҳамон рӯз, 24-уми май вазири умури хориҷӣ, Сироҷиддин Аслов, ки дар сафари расмӣ раисҷумҳурро дар Минск ҳамроҳӣ мекард, занг зада пурсид, ки дар назди сафорат чӣ гап аст? Вазир аз ман хоҳиш кард, то муроҷиати шуморо фавран ба Белорус фиристам. Аммо набояд фаромӯш кард, ки расонидани муроҷиати шумо як кор асту, назорат аз рафти иҷрои он кори дигар.”
Олим Раҳимов афзудааст, ки нигаронии бадахшониҳои муқими Бишкекро дар робита ба тирпаронии Хоруғ дарк мекунад. Сафири Тоҷикистон бо ишора ба таъсис ва фаъолияти гурӯҳи муштарак гуфтааст, ки аҳди ҳарду ҷониб дар мавриди пахш накардани изҳорот то анҷоми тафтишот амали дуруст аст.
Аммо Қирғизбек Қонунов, яке аз иштирокдорони ин мулоқот аз чунин мавқеъгирии сафир изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки беҳтар аст, то кумисияи муштарак фаъолияти худро ба таври шаффоф гузаронад: “Таҷрибаи соли 2012 барои мо исбот намуд, ки беиттилоӣ бойиси паҳн гардидани ҳар гуна фарзияҳои аз воқеъият дур ва бардурӯғ мешавад. Вале ба ҳар сурат мо аз қарори ҷонибҳо дастгирӣ мекунем.”
Сафири кишвар гуфтааст, ки дар ҷаҳон нерӯҳои устуворе ҳастанд, ки амнияти Тоҷикистон ба манфиати онҳо набуда, онҳо хостори парокандагии тоҷикон ҳастанд: “Мушоҳида кардед, ки бисёре аз сиёсатшиносон ҳодисаи Бадахшонро ба ҳаводиси минтақаи автономии Уйғур, сафари Путин ба Хитой ва ба интихоботи Афғонистон рабт доданд. Мо бояд манфиатҳои худро ба назар бигирем. Ва набояд фазоеро ба вуҷуд биёрем, ки касе ба мо кумак намекунад ва мо аз ин ранҷидаем.”
Қирғизбек Қонунов изҳори таассуф аз он намуд, ки Тоҷикистон таҷрибаи зиёди давлатдорӣ надорад. Мутаассифона аз истиқлоли кишвар 22 сол сипарӣ гашта, вале аҳолӣ аз раванди тамоми ҳаводиси кишвар дар инзиво қарор доранд. Ба андешаи Қонунов фурсате расидааст, ки ҳукумат ба формати қонунии муомила бо мардум баргардад: “Аз он дар тааҷҷубам, ки чаро он ҳарфу тасмимҳои аз минбари боло садо дода, дар мақомоти маҳаллӣ мавриди амал қарор намегиранд ва ё умуман рад карда мешаванд.”
Дар ҳамин маврид Олим Раҳимов аз чунин таҳлил изҳори норизоӣ карда, гуфтааст, ки мақомот, дар сатҳи раисҷумҳур пайваста бо мардум аз ҷумла аз Бадахшон дидан карда, бо теъдоди зиёди намояндагони ин вилоят мулоқот анҷом медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |