Бахшҳо

Кӯдакии кӯдакони моро рабудаанд

Абдулазизи Восеъ

1 июн ба унвони Рӯзи байналмилалии кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Дар кишвари мо танҳо дар арафаи ин сана аз кӯдакон зиёд ёд мекунанду аз ҳуқуқҳояшон мегӯянд. Дар бештари маврид онҳо гӯиё аз ёдҳо фаромӯш мешаванд...

Телевизиони Тоҷикистон дар ҳоле аз мушкили кӯдакон дар бархе кишварҳои ҷаҳон мегуфт, Тоҷикистонро ба ҳадде тасвир кард, ки гӯиё ҷаннат барои кӯдакон бошад. Телевизионҳои мо дӯст доранд кудакони тоҷикро бо кишварҳои африқоӣ қиёс бикунанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумат барои онҳо қисса намоянд. Аммо зиндагии кӯдакони моро бо атфоли кишварҳои Аврупо муқоиса намекунанд. Гузашта аз ин аз мушкили ин кӯдакон намегӯянд.

Танҳо таърифу тавсиф. Гӯиё намебинанд, ки бори зиндагӣ бар души кӯдакон афтода. Кӯдакон селофанфурӯш, носфурӯш, мошиншӯйянд.
Кӯдакон “кондуктор”-и нақлиёти мусофиркашанд. Пуфак мефурӯшанд.

Чанд рӯз қабл дар чорроҳаи назди телевизиони “Сафина” кормандони милиса дучархаи писари пуфакфурӯшаеро гирифтанд. Вақте аз ӯ суол шуд, ки чаро барои бозпас гирифтанаш намеравад, ҷавоб дод, ки “маро издеватсия мекунанд”. Милиса аз таҳқири кӯдаки тоҷик хурсанд мешавад?..

Кӯдакии кӯдакони моро рабудаанд. Онҳо дар баробари калонсолон масъули пешбурди зиндагии хонаводаҳояшон ҳастанд. Кӯдакони тоҷик тобистон истироҳат не, ҷои кор мекобанд. Оё медонед, кӯдакони мо чӣ орзуҳое доранд? Боре аз онҳо суол кардаед? Як дӯсти муаллимам мегӯяд, вақте аз хонандаҳо пурсид, ки бузург шаванд чӣ касб интихоб мекунанд, бештари мактаббачаҳо гуфтаанд, “Русия меравам”.

Мегӯянд, дар Амрико кӯдакон дар руҳияе тарбия мешаванд, ки оянда президенти кишварашон хоҳанд шуд, дар шуури кӯдакони мо мардикорӣ дар ҷои аввал аст... (Ҳамаи кӯдакон чунин нестанд. Афроде ҳастанд, ки кӯдаконашон ба қавле “шик” зиндагӣ доранд. Дар беҳтарин боғча тарбия меёбанд, дар беҳтарин мактаб мехонанд, дар беҳтарин ҷой истироҳат мекунанд).

Боре аз худ суол кардаед, ки кӯдакони имрӯз дар чӣ фазое бузург мешаванд? Оё фазои фасоду коррупсия ба онҳо таъсир намерасонад? Вақте аз хурдӣ мебинанд, ки одамон пул дода корҳояшонро ба сомон мерасонанд ва худашон ба боғчаву мактаб пули ину он мебаранд, бо чӣ хаёле ба оянда менигаранд?

Дар арафаи ҷашни кӯдакон созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳам садо баланд мекунанд. Аз ҳуқуқи кӯдак мегӯянд. Аз истифодаи меҳнати кӯдакон дар саҳро шикоят мекунанд. Аммо кори назарраси онҳо барои тағйир додани вазъ мушоҳида намешавад.

Аз ин 1-уми июн ба он 1-уми июн телевизионҳо фаъол мешаванду аз ғамхориҳои ҳукумат нисбат ба атфол мегӯянд. Аз ин 1-уми июн ба он 1-уми июн созмонҳо фаъол мешаванду аз нақзи ҳуқуқи кӯдак мегӯянд. Кӯдакон бошанд, ҳамоно дар фикри пайдо кардани қути лоямуте селофан мефурӯшанду нос...

“Кондуктор”-ӣ мекунанду мошин мешӯянд. Тақрибан ними аҳолии Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд, ки Рӯзи байналмилалияшон муборак бошад!

P.S.Cоли 1925 дар анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женева 1 июн ҳамчун Рӯзи кӯдак муқаррар шуд. Аммо баъзе кишварҳо 20 ноябр, рӯзи тасвиби эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакро, ҳамчун Рӯзи умумии кӯдакон ҷашн мегиранд.
Мӯҳр
Мазуъи хело ҳам муҳими руз!! Аммо сад афсус, ба касоне, ки дахл дорад ва бояд талаботу манфиатҳои кудаконро ҳивз кунанд, таъсире намекунад. Бисёр аламовар аст, агар ҳолу аҳволи кудакони мо дар Точикистон чунин бошад. Ояндаи ин кишвар чи гуна хоҳад шуд???

Шумохо аз системами капиталисти боз чиро интизоред?
Дар Амрико, Эрон, Русия, Туркия, Дубай, Украина, Узбакистон, Туркманистон ва Хиндустон будам ва дидам, ки кудакон ба жевачкафурушиву сигаретфурущиву пуфакфуруши ва г. машгуланд, бештар вакте мошин дар чарогаки сурх меистад, онхо(кудакон) назди ронанда омада молхои худро пешниход мекунанд, дигар аз Точикистон чи умед?
Ё ин ки Туркия яке аз кишвархои пешрафта ва туристи дар дунё ба хисоб меравад, аммо 5000 000 ( панч миллион) турк мухочир шуда дар Олмон ба хайси коркаг кор мекунанд, дигар аз Точикистон чи умед?
Дар давлати капиталисти хеч вакт кудакони жевачкафурушу сигаретфурушу носфуруш нест намешавад ва хамчунин мухочиру бекори!
ЗИНДА БОД СОЦИАЛИЗМ!

БОБО
БА ХАМАИ КУДАКОН МУБОРАК БОД ИД

маъруф аз ш.Душанбе
Салом хонандахои сайти озодагон як масъалаи мухмро пеш аз хамма бояд ба назар гирифт, ки хадафи барномахои телевизионхои давлати ин таъмини амнияти кишвархоро дар назар дорад. дар мукоиса бо давлатхои Осиёву Фрико ва дигар манотики чахон кудаконе, ки суботу амнияти онхо пой барчост шароити хуби рухиву равони доранд. хадафи барномахои телеыизиони ин мушахас кардани авзои кудакон, ки ба чи шароити амнияти карор доранд. кобили таъкид аст, ки имруз кудакони мо дар Точикистон дар зери сояи амнияту суобот, ва лабханд зиндаги мекунанд. Зеро, ки амнияту суобот бузургтарин дастовард аст. холо бубинед, ки кудакони аз бахши давлатхои чахон аз кабили Афгонистон,Сурия,Фаластин,Ирок, Нигерия, Судон, Сомали , ва гайра зери таъсири садои тиру туфанг ва норомихо ба воя мерасанд.

Асаби
Эй бародар ! аз хукуки кудакон харф мезани, хамааш дуруст. Идашон муборак бошад кудакони бечораи мора. Аммо мушкилоти рузгор фарки каолонсолу кудак бурдааст.

Вайс
Офарин Абдулазиз, маъалаи доги рузро гуфтед.
дар кишваре, ки ба масъалаи тарбияи навсли наврас, сатхи зиндагии онхо, ва умуман масоили ичтимои беахмияти мекунанд ояндааш норушан аст.

Ёд дорӣ, “кӯдаке мегашт бо қуттии худ”?
Ин ҳикоят сарнавишти кӯдаки тоҷик шуд,
Ормони насли истиқлол ҳаргиз ин набуд,
Гар тафаккур бандагӣ бошад, аз озодӣ чӣ суд?

Абубакр
кудакии кудакони шуморо рабурдаанд ...моро чавониамонро рабурданд ..ба ки гуем ..ба Бозор Собир..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)