Кӯдаке мегашт бо қуттии худ... Қиссаи Ҳинд не, ҳақиқати тоҷикон
Ин дигар достони Ҳиндустон нест. Ин акнун ҳақиқати Тоҷикистон аст. Ҳар боре ба майдону бозор, боғу кӯчаҳо маркази пойтахт меравем, шоҳиди он мешавем, ки кӯдакони зиёд ба фурӯши майда-чӯйда, аробакашию талбандагӣ, пур кардани маршруткаҳо ё корҳои дигар машғуланд. Дар боғи Рӯдакӣ ва майдони 800-солагии Маскав (назди театри опера ва балети ба номи Айнӣ) хурдсолон бо қуттиҳо назди мардум рафта, чизҳое мисли шоколаду кулчақанд ва дигар шириниҳо, сақичу сигор, пуфак ва ғайра барои харид пешниҳод мекунанд. Аксаран, ин кӯдаконе мебошанд, ки синнашон аз 12-15 зиёд нест.
Чаро ин кӯдакон ба ҷои мактаб ба фурӯшу хидматрасонӣ ё талбандагӣ даст задаанд? Маълум, ки аз дилхушӣ нест. Хурдсолон маҷбуранд барои қути лоямут кӯшиш кунанд ва барои зинда мондан, кӯдакиро қурбон кунанд. На донишандӯзӣ, на бозӣ, на оғӯши волидайн барои онҳо таҷрибаи ҳаррӯза нест. Кӯдак, ки панҷсола шуд, дигар аз синну соли кӯдакӣ мебарояд.
Ин дастони хурд, аммо дуруштгашта кайҳо боз китобро нагирифтаанд. Обилаи ин пойҳо аз давидан дар футбол не, балки аз шитоб ба сӯи муштариён пайдо шудаанд. Ба ин тани маҳин шояд соле як-ду бор як либоси дуруст пӯшанд, ки гоҳо ба ирсоли маблағ аз Русия рост меояду гоҳе ҳам ба хайри нафаре, ки либоси нолозимашро ба онҳо медиҳад.
Дар ин чашмон дигар шарораи умеду орзуҳо қариб, ки дида намешавад. Дар онҳо асари душвориҳою ноумедиҳоро мебинӣ. Агарчи соддагии кӯдакӣ ҳануз дар онҳо парса мезанад, аммо ин нигоҳ диди як нафари рӯзгордида аст, ки зиндагӣ бармаҳал калонсолаш карда.
Дигар кӯдаке бо қуттии хурд дар хиёбонҳои сарсабзи худамон мегардад, на лаби баҳри кабуд.
Ба рӯзгор бигӯед!
Ман тарки таҳсил кардаам...
Дигар имтиҳон нагирад...!
Кӣ иҷоза дода кӯдакон дигар кӯдак набошанд? Масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд чӣ мешавад? Ҳақиқати ҳол ин аст, ки волидайн барои тарбияи фарзандон вақт ва қудрат намеёбанд. Дар шароите, ки ҷои кор ва даромади дуруст барои аксари аҳолӣ дастрас нест, онҳо маҷбуранд тамоми рӯз дар корҳои гуногун банд бошанду тамоми вақташонро барои пайдо кардани як бурда нон сарф кунанд. Вақте ҳам шабонгаҳ ба хона бар мегарданд, мадори машғулият бо ҷигарбандон надоранд, балки гоҳо аз шиддати мондагӣ ва асабонияти кор, бо хурдсолон муомилаи дуруст ҳам намекунанд. Имрӯзро шому ин шомро саҳар кардан ва дубора паи то шом луқмае ёфтан барои аҳли оила, ягона ҳадафи волидайн шуда аст. Зиндагӣ не, зинда мондан аст рӯзгори эшон. “Аз гуруснагӣ намирем, шуд.”
Волидайн на ҳамеша баъд аз рӯзи корӣ ба назди кӯдакон бармегарданд. Дар нисфи оилаҳо, кӯдакон падаронро тӯли моҳҳо намебинанд. Падарони дур аз зану фарзанд, маҷбуранд ҳаддиақал ним сол дар Русия ба мардикорӣ машғул бошанд, то тавонанд даромадашон бештар аз харҷи роҳ бошад, то барои рӯзгори оилаашон низ расад. Аниқтараш, барои рӯзгузаронӣ: аксари оилаҳои муҳоҷирон, аз як дафъаи ирсоли маблағ то дафъаи дигар ба азоб рӯзҳоро паси сар мекунанд. Маълум аст, ки дар чунин шароит кӯдак мактаб, либос ва хӯроки дурустро дар орзуҳо ва дар хобаш мебинад. Ҳол, киро барои поймол намудани ҳуқуқи кӯдак ба таълиму тарбия ва зиндагии хуб муҷозот кардан лозим аст? Волидайн гунаҳгоранд, ки маҷбуранд дар чунин шароит бошанд? Ба ҳар ҳол, зинда мондан шарти аввалиндараҷаи зиндагист.
Гунаҳгор ҳаркӣ набошад, ҷазояшро имрӯз кӯдакон мекашанд. Онҳое, ки ояндаи кишвару миллатанд. Чанд сол баъд насли эшон аст, ки бояд мамлакатро обод кунаду калонсолони имрӯзаро дар пиронсолӣ дастгир шавад.
Аммо магар ҳамин аст пойдеворе, ки барои оядна бояд омода кунем? Магар ҳамин аст ояндае, ки барои худ тассаввур мекунем?
Ҳамин аст худшиносӣ ва ҳамин аст озодию гулгулшукуфоие, ки мехоҳем бисозему орзӯяш мекунем?!
Ёд дорӣ, “кӯдаке мегашт бо қуттии худ”?
Ин ҳикоят сарнавишти кӯдаки тоҷик шуд,
Ормони насли истиқлол ҳаргиз ин набуд,
Гар тафаккур бандагӣ бошад, аз озодӣ чӣ суд?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |