Даъвати Кабирӣ барои дахолат ба қазияи Сурия
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили парлумон аз кишварҳои Туркия, Эрон ва Арабистони Саудӣ даъват кардааст, то барои ҳалли мусолиматомез ба қазияи Сурия дахолат кунанд.
Муҳиддин Кабирӣ ин нуктаро зимни суханронии худ дар конфронси байналмиллалӣ “Ҷаҳони Ислом ва таҳдидҳои байналмиллалӣ”, ки аз 29 то 31-уми май дар шаҳри Истанбул идома дорад, зикр кардааст. Ба гуфтаи ӯ ҷанги Сурия ба ҳаводиси солҳои 90-и Тоҷикистон шабоҳат дорад. Ҷаноби Кабирӣ гуфтааст, ки сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомада, баъди кушта шудани беш аз саду панҷоҳ ҳазор нафар, ҳукумат ва мухолифин ба ин натиҷа расиданд, ки ҳеч тараф имкони мағлуб кардани ҷониби дигарро надорад: “Ҳолати Сурия ҳолати навадуми точиконро мемонад. Дар Сурия беш аз саду панҷоҳ ҳазор нафар кушта шудааст ва ҳамчунин маълум гашт, ки ҳеч яке аз тарафҳо наметавонад тарафи муқобилашро мағлуб кунад. Агар қазияи Сурия ба ҳамин минвол давом кунаду ҳалли мусолиматомези худро наёбад, адади қурбониёни он аз саду панҷоҳ ҳазор ба панҷсад ҳазор мерасад.”
Муҳиддин Кабирӣ аз вазъияти Сурия нигаронӣ карда гуфтааст, ки чаро онҳо бояд мунтазир бошанд то теъдоди қурбониён дар Сурия ба ним милион бирасад ва баъдан ҷомеаи исломӣ андешаи роҳи ҳалли сиёсии ин қазияро бикунад.
Роҳбари ҲНИТ дар идомаи суханронии худ аз камрангии муассисаҳои ҷомеаи маданӣ дар ҷаҳони ислом интиқод карда, даъват намудааст, ки баробари муассисаҳои байналмилалӣ, муассисаҳои исломӣ ҳам фаъол бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |