Сафари раисиҷумҳури Чин ба Душанбе ва назари Талбак Назаров

Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин бо сафари расмӣ моҳи сентябри соли равон аз ҷумҳурии Тоҷикистон дидан мекунад.
Ин нуқта зимни конфронси “Тоҷикистон-Чин: Шарикони стратегӣ”, ки 30-юми май дар Пекин дар ҳузури олимону дипломатҳои ду кишвар баргузор шуд, таъкид гардидааст.
Рашид Олимов, сафири Тоҷикистон дар Пекин дар баромадаш бахшида ба оғози конфронс таъкид намудаст, ки расо як соли пеш муносиботи ду кишвар ба сатҳи стратегӣ баромаданд ва онҳоро мубориза бо се нерӯи бадӣ-тероризм, экстремизм ва сепаратизм муттаҳид мекунад. Олимов инчунин пуштибонии Тоҷикистонро аз ташаббуси Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин барои ташкили минтақаи махсуси иқтисодӣ дар қад-қади шоҳроҳи Абрешим баён карда, изҳор доштааст, ки Тоҷикистон омодааст дар татбиқи ин лоиҳа саҳм гузорад.
Талбак Назаров, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ зимни ин конфронс изҳор доштааст, ки муносиботи Тоҷикистону Чин дар доираи талаботи замони муосир сурат гирифта, ба манфиати ҳар ду кишваранд. Назаров илова намудааст, ки қариб нисфи сармоягузориҳо ба Тоҷикистон дар соли 2013 аз ҷониби Чин сурат гирифтааст: “Чин фаъолона дар лоиҳаҳои нақлиётӣ, коммуникатсионӣ, истифодаи қаъри замин, энергетика, саноат ва нафту газ иштирок мекунад.”
Собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар охир таъкид намудааст, ки ба ояндаи ҳамкориҳои ду кишвар хушбин аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |