Аз июн то август маълум мешавад, Роғунро хоҳанд сохт, ё не

Гузориш ё ҳисоботи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи ташхиси иқтисодию иҷтимоӣ ва экологии тарҳи нерӯгоҳи Роғун, ки онро ҳукумати Тоҷикистон “ҳаёту мамоти мардуми кишвар” медонад, моҳи июни соли ҷорӣ нашр хоҳад шуд.
Ин иттилоъро Сураҷ Кумар Ҷа, раҳбари минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Марказӣ, баъд аз зӯҳри 30 май дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе изҳор дошт. Ӯ гуфт, гузориши коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ моҳи июли соли равон бо ҳузури намояндагони кишварҳои соҳили Омӯ баҳсу баррасӣ шуда, сипас, моҳи август, баъд аз фаҳмидани афкори мардуми минтақа, вариант ё шакли ниҳоияш омода хоҳад гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ барои пуштибониҳои пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори боварӣ намудааст, ки мавқеи ин ниҳоди байналмилалӣ дар омӯзиши ҳамаҷонибаи тарҳи нерӯгоҳи Роғун то охир воқеъбинона ва мустақил боқӣ мемонад. Дар ин сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Сураҷ Кумар Ҷа, инчунин, татбиқи лоиҳаи хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақаӣ баррасӣ шудааст.
Дар оғози соли ҷорӣ Лора Так, ноиби раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ҳангоми сафараш ба Душанбе гуфта буд, ташхиси фаннию иқтисодии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун то миёнаҳои соли ҷорӣ ба анҷом хоҳад расид. Ноиби раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврпуою Осиёи Марказӣ изҳори умед карда буд, ки натиҷаи ин ташхис ба ҳамаи суолҳои марбут ба Роғун посухи қонеъкунанда хоҳад дод. “Пас аз ин, барои қабули қарорҳои минбаъда дар мавриди ин лоиҳа шароит фароҳам хоҳад шуд”,-афзуд ӯ.
Лора Так аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон барои гузарондани ташхиси байналмилалии Роғун истиқбол карда, изҳор дошт, ки Душанбе тамоми шароитро барои шаффофу озод гузарондани таҳқиқ муҳайё кардааст. Бар асоси ёддоште, ки Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дорад, ин ниҳоди молиявӣ дар сурати натиҷаҳои мусбати ташхиси Роғун барои анҷоми сохтмони он сармоягузорҳоро ҷалб хоҳад кард. Сарбанди Роғун бо баландии 335 метр дар назар аст, ки баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин лоиҳа дар ҳоле ки калиди мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа арзёбӣ мешавад, мояи нигаронии Узбакистон гардидааст. Тошканд иддао дорад, ки “Роғун” кишварҳои поёнобро беоб мегузорад, аммо мақомоту коршиносони тоҷик бо ироаи далелҳо онро қатъиян рад карда ва гуфтаанд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистонро ташналаб нахоҳанд гузошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |