Бахшҳо

Раҳбари Иттиҳоди мусалмонҳои Қазоқистон кишварро тарк кардааст

Мурат Телибеков, раҳбари Иттиҳоди мусалмонҳои Қазоқистон кишварро тарк намудааст. Дар ин бора Total.kz хабар медиҳад.

Дафтари матбуотии иттиҳоди мазкур гуфтааст, далели ин тасмими Телибеков таҳдид ва фишорҳо мебошад. Аммо гуфта мешавад, ӯ муваққатан кишварро тарк гуфтааст. Дар саҳифаи Facebook-аш Мурат Телибеков навиштааст, ки раҳбарияти Иттиҳоди мусалмонҳои Қазоқистон ба созмонҳои байналмилалӣ, ки дар таъмини амнияти фаъолони ҷамъиятӣ кӯмак расондаанд, изҳори сипос мекунад.

Номи Мурат Телибеков дар робита ба пешниҳодҳои аҷибаш ҳамеша дар сархати расонаҳо қарор доштааст. Дар миёни ин пешниҳодҳо, роҳандозии тендер оид ба додани шавҳари арусони “боэътибор” ва баррасии додгоҳии Чингисхон, Гитлер ва дигар чеҳраҳои таърихие, ки ба кишварҳои дигар лашкар мекашиданд ё бар одамон зулм мекарданд, дар Қазоқистон мебошад.

Соли гузашта ӯ барои гирдиҳамоии эътирозӣ ҳафт шабонарӯз ҳабс шуд. “Соли 2011 Телибеков талоши муддаии курсии президентӣ шуданро кард. Иттиҳоди мусалмонҳо он вақт аз Комиссияи марказӣ даъват кард, ки ба номзад иҷоза бидиҳанд, ки ба сифати гарави интихоботӣ дороиҳояшонро монанди чорвои калони шохдор, қитъаҳои замин, гӯшти мурғ ва пусти гусфанд, гузоранд”,-менависад манбаъ.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)