Баҳси муқовимати расонаҳои исломӣ бо шабакаҳои ифротӣ дар Эрон

Ҳафтумин иҷлоси Маҷмаи умумии Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ дар Эрон ба кори худ анҷом бахшид. Дар ин иҷлос, ки аз 25 то 27 майи соли ҷорӣ дар маркази ҳамоиши садо ва симои Эрон баргузор шуд, намояндагони 300 шабакаи радио ва телевизион аз 36 кишвари дунё иштирок доштанд.
Дар давоми се рӯзи баргузории иҷлоси мазкур, мавзӯъҳои муқовимат ва чигунагии муқобилаи расонаҳои исломӣ бо шабакаҳои ифротӣ баҳсу баррасӣ шудаанд. Ҳамзамон аъзои Иттиҳодияи радио ва телевизиони исломӣ дар ин ҳамоиш ба роҳандозии як шабакаи муштараки хабарӣ ба унвони “Иттиҳодияи мо” мувофиқат кардаанд.
Ин шабакаи хабарӣ зарфиятеро барои ироаи ахбори тавлидии расонаҳои узви иттиҳодия фароҳам мекунаду ҳамаи аъзо метавонанд, аз он баҳра гиранд. Инчунин, қарор аст, охирин ахборро ҳар ҳафта дар хусуси ҳар кишвар дар ихтиёри онҳо қарор диҳад.
Дар ҳошияи ин иҷлос 5-умин бозори филми исломӣ бо ширкати 113 ширкати тавлидӣ ва шабакаи телевизионии ташкил ва маҳсулоти синамоӣ, телевизионӣ ва мустанади 20 кишвари исломӣ ба намоиш гузошта шуд. Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ бо ибтикори Эрон ба хотири шикасти хабару гузоришҳои зидду нақиз таъсис ёфта, беш аз 220 узв дорад, ки телевизиони "Симои мустақили Тоҷикистон" ва хабаргузории "Озодагон" аз ҷумлаи онҳоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |