Ҳалокати як муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург
Як шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон, ки дар яке аз сохтмонҳои Санкт-Петербурги Русия кор мекардааст, аз баландии се метр ба замин афтида, ба ҳалокат расидааст.
Аз ин муҳоҷири тоҷик ном бурда нашудааст, аммо расонаҳо менависанд, ки ӯ ҳангоми ҷамъоварии пасмондаи масолеҳи сохтмонӣ дар кӯчаи Партизан аз баландӣ ба поин афтодааст. Наздиконаш вайро ба беморхонаи Александров бурдаанд, вале дар пайи ҷароҳатҳои вазнин баъди чанд соат ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои ВАО-и Санкт-Петербург, прокуратура ба тафтиши ин ҳодиса оғоз кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |