Маҳфили шеъри Бозор дар Филармонияи ба номи Нигина Рауфова
Бозор Собир, шоири тоҷик дар Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод ба номи Нигина Рауфова маҳфили шеърии худро баргузор мекунад. Ин маҳфил рӯзи 30 май баргузор шуда, дар он ҳунармандон шинохтаи кишвар, аз ҷумла Саидқул Билолов ва Муҳаррама Шарифова иштирок хоҳанд кард.
Бозор Собир зодаи Файзобод буда, аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеърии ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.
Оқои Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли гузашта, ба кишвар омад ва ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекунад. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд.
Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |