Бахшҳо
30 май 2014 10:44Тоҷикистон / Сиёсат

Даъвати писари Аҳмадшоҳи Масъуд барои ҳимоят аз доктор Абдулло (ВИДЕО)

Дар арафаи давраи дуюми интихоботи Афғонистон Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид аз тими "Ислоҳот ва ҳамгироӣ" ҳимояти худ аз доктор Абдулло Абдуллоро эълон карда, мардуми кулли кишварашро барои ҷонибдорӣ аз ӯ даъват мекунад.

Аҳмад Масъуд мегӯяд, ягона номзади лоиқ ба мансаби президентии кишвараш доктор Абдулло Абдуллоро меҳисобад. Ба гуфтаи Масъуд, Абдулло қудрати баровардани миллати афғон аз бунбастро доро буда, ҳамзамон аз ҷонибдории аксари шаҳрвандон бархӯдор асту ҷомеаи байналмилалӣ ӯро хуб мешиносад. Писари Аҳмадшоҳи Масъуд бар ин аст, ки ҳукумати феълии Афғонистон дигар тавони идорӣ ва раҳбарии мардумро аз даст додаасту сокинони ин кишвар бояд дар фикри гузинаи он бошанд.



“Ҳукумати феълӣ на ин ки замони фаъолияташ ба поён расид, балки миллатро дигар аз он хайру умеде нест. Миллати наҷиби Афғонистон барои таъмини ояндаи хуби хеш ба хотири берун рафтан аз бунбаст, бояд гузинаеро интихоб кунад. Идомаи раванди кунунӣ дигар армуғонеро барои миллат дар пай нахоҳад дошт”,-таъкид доштааст ӯ.

Ҷонибдорӣ ва ҳимояти шахсиятҳои маъруф ва бонуфузи Афғонистон аз номзадии доктор Абдуддло Абдулло ба мақоми президентии ин кишвар бори аввал нест. Ахиран дар пайи эълони натоиҷи аввалияи интихобот Залмай Расул ва Гулоғо Шерзай, номзадҳои дигари интихоботи президентии 5 апрели Афғонистон аз пайвастани худ ба ситоди интихоботии доктор Абдулло Абдулло хабар доданд.

Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон бо эълони натоиҷи ҳудуди 90%-и овози раъйдиҳандагон аз пешсаффии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи президентии кишвараш хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, доктор Абдуллоҳ бо ба даст овардани 43,7 дарсади оро (овоз) миёни рақибонаш дар интихоботи президентии Афғонистон пешгом аст. Ба иттилои манбаъ, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо соҳибии 33,8 дарсади оро дар мақоми дуюм қарор дошта, Зулмай Расул 11, 1 дарсад раъйро соҳиб шуда буд.

Ин ниҳод дар пайи эълони натоиҷи интихоботи 5 апрели Афғонистон эълон намуд, ки дар ин давра ягон номзаде натавонист, беш аз 50 дар сад раъйи мардумро ба даст орад ва аз ин рӯ, ду номзади пешсаф - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар даври дуюми интихобот вориди рақобат мешаванд. Санаи баргузории давраи дуюми интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 14 июн эълон шудааст.
Мӯҳр
Худованд чои падаратро чанат кунад туро низ райрави он кунад омин .

хамид
бачаи як босмачи мардума фреб карда истода аст

гапи хак зади и кудак бо мардума насихат кардестай
ин хам як босмачии дигар аст
падарашбарин 1 одамкуши дигар

shaha,
ТУ КИ МАНКУРТ ХАСТИ, МАРДУМИ ВАТАНДУСТУ ПАТРИОТ ДАР НАЗАРАТ БОСМАЧИАНД.
ХУБТАР МЕШУД, ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ АФГОНИСТОНРО БО ТОЧИКИСТОН МУКОИСА МЕКАРДИ, АГАР ЗАРРАЕ АКЛАТ МОНДА БОШАД, МЕФАХМИДИ КИ ОЗОДИ ЧИСТ!!!
ОЗОДАГОН КОММЕНТИ МАРО БАЪДИ ЯК ХАФТА ЧОП НАКУНУ ИМРУЗ БЕ КАМУ КОСТ ЧОП КУН!!!

agar ahmadshohi tojik bosmachi boshad tu kisti?bobokalonoi tu ki bud?yo tu az oilai lenini???yo tojik nesti.

joni xudro baroi vatanu milatash(tojik)supurd.xudovand dar safi mujohidin navis barodar ahmadshohro ki bo kufor jangidaast.

камар
падараш рухаш шод бод на танхо барои афгонистон, балки барои кулли халки точикзабони дунё кахрамон аст. вай ба монанди файзалию лангурию сангаку боз чанд нафар, ки мардуми бегунохи точикистонро кир карда буданд, набуд. у барои мардумашро аз куштор начот додан шахид шуд. чояш чанат бод. ин бачааш бошад дуруст даъват кардааст, охир афгонхо ба монанди точикхо он кадар "умный" нестанд, ки 2-3 сол пеш а интихобот донанд, ки ки президент меша

Сорбон
Хамиткул! ту точик нести,ту шурангез ва бадхохи миллати точик асти!Шахси туркгарои вассалом!

Ахмадшохи Масъуд на танхо бузургтарин фарзанди миллат ва такягохи аслии сулхи чахон балки шахсияти чахони низ хаст.У кахрамони бархаки миллати мост!Уро рузи 9-уми сентябри соли 2001 арабхои зархариди ЦРУ ва Моссад кушта,баъан санаи 11.09.2001 маркази савдоро дар ИМА тарконда докторинаи чахонро дигар карданд!Оре аз ин бузургтар одам намешавад,яъне онхо медонистанд,ки дар Шарк бузуцргтарин патриот ин шери Панчшер аст, инро фахмед точик хеч гох мисли шумо босмачи надошт.Босмачи аз калимаи мугули гирифта шуда,маънояш дузду ягмогар аст!тач_ишан,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)