Раёсати бозрасии давлатии автомобили ВКД тасмим гирифтааст дар шаҳри Душанбе як амалиёти ҳадафнок баргузор намояд.
Як масъули ин ниҳод ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, аз 25 то 30-юми августи соли равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ амалиёти мақсадноки бачаҳо гузаронида мешавад. Ҳадафи аслии гузаронидани ин амалиёт пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи шиносоии ҳаракат дар роҳ ва коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ мебошад. Зимнан, РБДА аз ҳамаи меҳмонону шаҳрвандони пойтахт даъват менамояд, ки кӯдакон ва ноболиғонро дар кӯчаву роҳҳои мошингард беназорат нагузоранд.
Мӯҳр