Нилуфар дар ҷашнвораи Русия соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан” шуд (ВИДЕО)
Нилуфар Файзиева, ҳунарпешаи ҷавони тоҷик, дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар шаҳри Чебоксарии Русия соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан” гардид. Файзиева дар филми ҳунарии Лариса Садилова, коргардони рус, бо номи “Она” ширкат дошта, дар он нақши аслии зан (Мая)-ро бозӣ кардааст.
Ҳайати ҳакамон дар ҷашнвораи 7-уми байналмилалии синамо, ки дар шаҳри Чебоксарии Русия аз 19 то 24 майи соли ҷорӣ идома ёфту дар он филми “Она” ширкат дошт, Нилуфар Файзиеваро ҳамчун барандаи ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан” ном гирифтаанд.
Лариса Садилова, коргардони филм, қаблан гуфта буд, ки “Она” аз рӯи ҳодисаҳои воқеӣ дар вилояти Брянск ба навор гирифта шудааст. “Духтарро ба Маскав оварда, танҳо гузоштанд. Ӯ ҳатто ба русӣ сӯҳбат карда наметавонист. Ҳамаи саргузашт ҳамин аст”.
Ба қавли Садилова, эҳтимол баъд аз ин филм шаҳрвандони Тоҷикистон назари худро дар мавриди кор дар Русия тағйир бидиҳанд: “Фикр мекунам, модароне, ки фарзанди худро барои кор ба инҷо мефиристанд, аз шарту шароити зисти ҷигарбандашон огоҳие надоранд. Эҳтимол баъди филм падару модарон қабл аз фиристодани фарзандашон суол мегузоранд, ки фиристанд ё нафиристанд? Чунки дар ватани худ аксари муҳоҷирон афсонаҳое ба монанди моҳонаи зиёд ва шароити хуби корӣ дар Русия нақл мекунанд.”
Лариса Садилова гуфтааст, дар асл бо ҳаёти муҳоҷирони корӣ хеле хуб огоҳӣ дорад, зеро продюсери ин филм, ки ҳамзамон шавҳараш аст, Рустам Аҳадов, тоҷик мебошад. Соли гузашта филми “Она” дар ҷашнвораи синамои «Равзана ба Аврупо» иштирок карда, яке аз беҳтарин филмҳо дониста шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |