Дархости сокинони маркази Бадахшон аз Шерхон Салимзода

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Бадахшон дар мулоқот бо Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, далели аслии нооромиҳои ахири Хоруғро натиҷаи ҳаводиси соли 2012 унвон кардаанд.
Бибисоро Сабзалиева, равоншиноси тоҷик, гуфтааст, он чизе, ки рӯзҳои охир дар ин минтақа рух медиҳад, омили аслии он ҳаводиси моҳи июни соли 2012 мебошад. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз ин ҳаводис ҷавонони Бадахшон дар вазъи номуедию нобоварӣ ба ҳукумати худ қарор доранд: “Дар он ҳаводис маълум шуд, ки ҳукумат бо онҳо чӣ кор хоҳад кард. Касе дар фикри онҳо несту андешаи табобат ва дар кадом вазъ қарор доштани онҳо ҳам касеро нигарон намекунад.”
Азиз Гулмаҳмадов, нафақахӯри тоҷик, низ дар таъйиди суханони Сабзалиева сабаби сар задани чунин ҳаводис дар Бадахшонро набудани ҷойҳои корӣ арзёбӣ карда, хостори таъсиси корхонаву фабрикаҳо дар ин минтақаи кишвар шудааст. Дар ҳамин ҳол, Азиз Ғиёсов, намояндаи созмони ғайридавлатӣ изҳор доштааст, ки нисбат ба ҳукумату давлати худ эҳтиром қоил ҳаст, аммо барои ӯ ҳанӯз равшн нест, барои чӣ нерӯҳои мусаллаҳи давлатӣ соли 2012 давоми 17 соат шаҳрро тирборон карданду касе барои ин амалиёт узрхоҳӣ накард.
“Азбаски мушкилоти ҳаводиси соли 2012 ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст, то ҳол миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомот якдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад”,-афзудааст ӯ.
Инчунин, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон аз сатҳи пасти касбияти мақомоти қудратӣ ба Салимзода шикоят карда, гуфтаанд, сокинон боварии худ ба мақомоти судию додситонӣ ва амниятии кишварро аз даст додаанду ба ин ниҳодҳо эътимод надоранд. Додситони кулли кишвар низ дар навбати худ ба муайян ва дастгир кардани омилони ҳодисаи 21 майи Хоруғ таъкид карда, гуфтааст, айни ҳол гуруҳи муфаттишон ин қазияро таҳқиқ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |