Forbes: 5 мусалмон дар феҳрасти 100 бонуи таъсиргузори сайёра
Дар раддабандӣ ё рейтинги “100 бонуи таъсиргузори сайёра”, ки маҷаллаи Forbes ҳамасола тартиб медиҳад, ин бор 5 хонуми мусалмон ҳам ворид шудааст.
Бино ба иттилои торнамои islamnews.ru, беҳтаринҳоро аз миёни 250 номзад аз саросари дунё аз рӯи 8 категория, монанди - миллиардерҳо, бизнес-леди, чеҳраҳои маъруф, ВАО, корҳои хайрия, сиёсат ва технология баргузидаанд.
Мақоми 47-уми рейтингро Хасин Ваҷид, нахуствазири Бангладеш муаррифӣ мекунад. Дар зинаи 55-ум бошад, Любна Қосимӣ, вазири рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Имороти муттаҳидаи Араб нишастааст. Дар ҷои 86 Любна С. Олаян, сарвари кулли ширкати Olayan Financing аз Сурия мақом гирифтааст.
Маясса Сонӣ, раҳбари раёсати осорхонаҳои Қатар дар зинаи 91 ва Фотима Ҷобир, раҳбари ширкати бузурги сохтмонии “Al Jaber Group”-и Иморати муттаҳидаи Араб дар ҷои 94-уми рейтинги Forbes-анд.
Дар зинаи аввали раддабандӣ мисли се соли қабл Ангела Меркел, садри аъзами Олмон қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |