Коммунистҳо дар бораи ҳодисаи Хоруғ: “Гунаҳкорон аз кадом тарафе набошанд, муҷозот шаванд”

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар робита ба ҳаводиси ахири Хоруғ изҳорот пахш карда, таҳқиқи шаффофи қазия ва муҷозоти омилон онро талаб кардааст.
Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ба "Озодагон" гуфт, ҳаводиси ахири Бадахшонро дар ҷаласаи навбатии раёсати ҳизб рӯзи шанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар изҳороти ҳизб таъкид шуда, ки якпорчагӣ, сулҳу суботу оромӣ, ваҳдат, волоияти қонун болотар аз манфиатҳои ҳизбиву гуруҳӣ бояд бошад. Таъкид шуда, ки ҳодисаи Хоруғ шаффоф таҳқиқ гардида, онҳое, ки қонуншиканӣ кардаанд аз кадом тарафе, ки набошанд, муҷозот шаванд.
Ба гуфтаи Исмоил Талбаков, Ҳизби коммунист амалҳоеро, ки ба нооромии вазъ ва халалдор кардани сулҳу амният оварда мерасонад, шадидан маҳкум мекунад. Ӯ афзуд, “ҳизбу гуруҳҳо бояд фирефтаи хоҷагони хориҷӣ нашаванд ва барои якпорчагӣ ва сулҳу субот талош варзанд”.
Муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба сафарҳои намояндаҳои созмонҳои хориҷӣ ва вижа Иттиҳоди Аврупо ба Бадахшон ишора кардаву гуфт, агар сафари онҳо барои рушди демократия ва таҳкими сулҳу субот бошад, бо онҳо ҳамкорӣ бояд кард. “Як дафъа бо дахолати хориҷиҳо кишвари мо ноором шуд. Дигар набояд фирефтаи онҳо шавем”,-илова намуд ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |