Тоҷики 27-сола дар ҷалби ҷавонон ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад
Мақомоти пулис ва амнияти Русия аз боздошти як шаҳрванди 27-солаи тоҷик хабар медиҳанд, ки аз ӯ ҳамчун роҳбари созмони гуруҳи ҷиноӣ ва Ҳаракати террористии исломии Узбакистон дар минтақаи назди Маскав ном бурда мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Русия шаҳрванди Тоҷикистон, ки муштаракан бо Хадамоти федералии амният (ФСБ) боздошт шудааст, ба ташвиқ ва ҷалби ҷавонон аз Осиёи Марказӣ ба ҳаракатҳои ифротӣ машғул будааст.
Манбаъ мегӯяд, аз боздоштшуда як шиносномаи қалбакии Тоҷикистон, автомати Калашников, таппонча ва дастгоҳ барои тирпаронии беовоз мусодира шудааст. Мақомоти Русия мегӯянд, дастгиршуда соли 2012 инчунин дар ҳамла ва ғорати 900 ҳазор рубл аз дафтари як ширкат дар Маскав даст доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |