New York Times: 'Миёни ҷангиён дар Украина тоҷикон низ ҳастанд'
“New York Times” аз маъруфтарин рӯзномаҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрико менависад, дар ҷанги ҷануби Украина бисёри ҷангҷӯёни ҷонибдори Русия, аз ҷумлаи чечену осетину тоҷикҳо иштирок мекунанд.
Ин рӯзнома менависад, дасти Русия ва ҷонибдоронаш аз кишварҳои дигар дар ҷудоихоҳии Донетску Луганск рӯз аз рӯз равшантар мешавад. Муаллифи матлаби “New York Times” аз қавли Евгений Матвичюк, сокини шаҳри Славянск овардааст, миёни ҷанговарон, ки зидди нерӯҳои Украина меҷанганд, чечену осетину тоҷикҳо ҳастанд. Рӯзнома аз қавли ин мусоҳибааш овардааст, “ман ҳозир бо ду ҷанговар суҳбат доштам, ки яке аз Осетияи Ҷанубию дигаре аз Тоҷикистон аст. Онҳо гуфтанд, ки мо омадем, то ба Шумо кӯмак кунем. Ин магар ягон ҷои бадӣ дорад?”
Дар идома “New York Times” изҳороти Петр Порошенко, президенти тозаинтихоби Украинаро овардааст, ки эълон доштааст, ҷудоихоҳони ҷануби Украинаро саркӯб хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |