Ваъдаи Обама ба президенти нави Украина
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ваъда кардааст, ки ба Украина кумакҳои ҳамаҷониба хоҳад кард. Ин нуктаро ӯ, зимни як суҳбати телефонӣ бо Петро Порошенко, президенти тозаинтихоби ин кишвар баён доштааст.
“Президент Обама ба Петро Порошенко занг зад, то ӯро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфта, аз кумакҳои ҳамаҷонибаи ИМА барои ягонагӣ ва рушди Украина паём бидищад”,-омадааст дар иттилоияи Қасри сафед.
Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президентии 25 май дар Украина, Петро Порошенко, миллиардери украинӣ бештари раъйи мардумиро соҳиб шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |