Шариф Назаров нозири қувваозмоии "Хайр" – "Далерон-Уротеппа" таъин шуд

Кумитаи доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон довар ва нозирони даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олиро муайян кард. Даври 7-ум рӯзи 29 май баргузор мешавад.
Шариф Назаров, мураббии шоистаи СССР оид ба футбол, ки чанде пештар аз симмати президенти клуби “Регар-ТадАЗ” канор рафт, ба феҳрасти нозирони лигаи олӣ шомил шудааст. Нахустин дидоре, ки ҷаноби Назаров дар он ба ҳайси нозир ширкат мекунад, дидори “Хайр”-и Ваҳдат ва “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан хоҳад буд, ки 29 май дар майдони аввалӣ баргузор мешавад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7
29 май, панҷшанбе. Оғози бозиҳо соати 17:00
ССКА “ПОМИР” – “ЭНЕРГЕТИК”
Душанбе, варзишгоҳи ССКА
Сардовар: Аъзам Буриев (Душанбе).
Ёварон: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе), Ҳайбулло Нарзуллоев (Ҳисор).
Довари эҳтиётӣ: Хайриддин Асалов (Душанбе).
Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
“РАВШАН” – “ХУҶАНД”
Кӯлоб, варзишгоҳи марказӣ
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Ёварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Мустафо Исломов (Восеъ).
Довари эҳтиётӣ: Қурбонмаҳмад Каримов (Хуросон).
Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).
“ПАРВОЗ” – “ИСТИҚЛОЛ”
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи “Фурудгоҳ”
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Ёварон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).
Довари эҳтиётӣ: Наимҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров).
Нозири бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).
“ХАЙР” – “ДАЛЕРОН-УРОТЕППА”
Ваҳдат, варзишгоҳи “Хайр”
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).
Ёварон: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), Акмал Буриев (Турсунзода).
Довари эҳтиётӣ: Комил Қурбонов (Турсунзода).
Нозири бозӣ: Шариф Назаров (Душанбе).
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |