Худдории эътирозгарон аз мулоқот бо Шерхон Салимзода дар Хоруғ

Намояндагони эътирозгарони Хоруғ аз иштирок дар мулоқот бо Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ки феълан дар Бадахшон қарор дорад, худдорӣ кардаанд.
Алим Шерзамонов, намояндаи эътирозгарони Хоруғ, имрӯз, 28-уми май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “имрӯз дар Хоруғ мулоқоти намояндагони мақомот ва ҷомеи шаҳрвандӣ бо Салимзода дар назар аст, ки дар он ҳаводиси ахири шаҳр баррасӣ хоҳанд шуд.”
Шерзамонов афзуд, ки ӯ ва чанд намояндаи дигари эътирозгарони Хоруғ низ ба ин мулоқот даъват шуданд, вале онҳо дастаҷамъона ин пешниҳодро рад кардаанд, чун ба самимияти он бовар надоранд: “Мо омодаем дар як мулоқоти самимӣ тамоми масоили ахири Хоруғро баррасӣ кунем. Аммо бовар дорем, ин мулоқоти имрӯза, ки бо даъвати телевизионҳо сурат мегирад, беш аз як худнамоӣ нест.”
Қаблан эътирозгарон талаб карда буданд, ҷавононе, ки дар пайи тирпаронии 21-уми май биноҳои пулис, додгоҳу додситониро оташ заданд, ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд, аммо мақомот онро рад намуда, гуфт ин талабот ниёз ба омӯзиши бештаре дорад.
Дар мавриди вазъи Хоруғу Ишкошим Шерзамонов афзуд, ки вазъ ором аст: “Дар Ишкошим низ эътирозгарон, ки истеъфои сардори пулиси ноҳияро талаб карданд, баъди мулоқот бо Абдулло Навҷувонов, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон аз гирдиҳамоӣ даст кашиданд. Феълан вазъ ором аст. Имрӯз гуфта мешавад, ки Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳур дар умури амният ба ноҳияи Ишкошим меравад.”
Сокинони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон рӯзи 27 майи соли ҷорӣ ба нишони эътироз гирдиҳам омада, талаб доштанд, ки Баҳодур Холиқов, сардори шуъбаи умури дохилии ин ноҳия ба истеъфо биравад. Норозогии сокинон дар пайи муносибати дағалонаи сардори пулиси Ишкошим бо сокинони маҳаллӣ ба вуҷуд омадааст.
Ноҳияи Ишкошим соли 2013 низ шоҳиди тазоҳуроте буд, ки дар он мардум аз кор рондани як маъмури амниятиро мехостанд. Онҳо гуфтанд, ин маъмури амниятӣ дар вақти набудани волидони як духтари наврас дар хонаашон ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст. Дар натиҷа, ин корманди Раёсати амнияти ноҳияи Ишкошим барои ду сол равонаи зиндон шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |