Раҳмон дар Баҳрайн 8 созишномаи нав ба имзо мерасонад
Дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Баҳрайн имзои 8 санади ҳамкорӣ дар назар аст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ин сафар имзои санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои андозбандӣ, ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, туризм ва доир ба машваратҳои хориҷӣ дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар доираи боздидаш аз Баҳрайн бо подшоҳи шоҳигарии Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа, раисони ҳарду палатаҳои парлумони Шоҳигарӣ, роҳбарони бузургтарин бонкҳои кишвар ва дигар шахсиятҳои воломақом мулоқотҳои судбахш анҷом дода, дар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок хоҳад намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |