“Коктейл...” дар Тоҷикистон силоҳи оташфишон эълон шуд
Дар Тоҷикистон “коктейли молотов” ё худ маҳлулҳои оташангез ва моддаҳои зуддаргиранда ба руйхати силоҳҳои оташфишон ворид шуда, ба маъмурини пулис иҷоза дода шудааст, алайҳи корбарони он силоҳро истифода баранд.
Тағйироти мазкурро дар қонунгузорӣ ахиран парлумони Тоҷикистон ворид кардааст.
Тибқи меъёрҳои нав “афроде, ки ғайриқонунӣ аз “коктейли молотов” ё худ маҳлулҳои оташангез ва моддаҳои зуддаргиранда дар тазоҳурот, гирдиҳамоиҳо, ҷойҳои ҷамъшавии оммавии мардум истифода мекунанд, ҳамчун истифодабарандагони ғайриқонунии яроқи оташфишон шинохта мешаванд. Аз ин рӯ, кормандони милитсия ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки нисбат ба ин гуруҳи шахсон бемалол тибқи талаботи қонун аз яроқи оташфишон истифода баранд.”
Ин тағйирот дар ҳолест, ки “коктейли молотов” вақтҳои охир аз маъмултарин силоҳ дар гирдиҳамоиҳо ба ҳисоб меравад, ки барои ноором кардани вазъ истифода мешавад. Аз ҷумла тазоҳуротгарони Украина аз ин намуд маводи даргиранда васеъ истифода карда буданд, ки бо марги чандин нафар анҷом ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |