Туркманистон: Таҳсил дар муассисаҳои олӣ пулакӣ мешавад
Ҳукумати Туркманистон тарҳи санади таҳсили пулакӣ дар муассисаҳои олии ин кишвар аз моҳи сентябри соли равонро таҳия кардааст.
“Хроника Туркменистана” навиштаст, ки ин санад расман тасдиқ нашудааст, аммо бар асоси он маблағи минималии солонаи таҳсил 3700 манат, муодили 1300 доллар, миёнаи он 4200 манат ($1470) ва ҳадди аксари он 4700 манат ($1645)-ро ташкил хоҳад дод. Ҳаҷми маблағ ба муассисаи олии таълимӣ бастагӣ дорад. Масалан, таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Туркманистон ё Донишгоҳи тиббии ин кишвар аз рӯи ҳисоби ҳадди аксар ҳисоб мешавад. Дар муассисаҳои олии воқеъ дар минтақаҳо бошад, аз рӯи ҳисоби минималӣ.
Ба иттилои манбаъ, тибқи нақша дар Туркманистон Донишгоҳи байналмилалии илмҳои гуманитарӣ ва Донишгоҳи рушд ба фаъолият оғоз мекунад, ки дар онҳо устодон аз хориҷ даъват мешаванд. Таҳсил дар ин муассисаҳои олии таълимӣ 5000 доллар дар як сол хоҳад буд.
Дар ин санад таъкид шудааст, ки худи донишҷӯ маблағи таҳсилашро пардохт карда наметавонад. Вай бояд аз кадоим як ширкат ё созмон кафолатномае дарёфт кунад, ки дар давоми таҳсил маблағро пардохт мекунад. Баъди хатм бошад, ӯро ба кор мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |