Тазоҳурот дар Ишкошим ва талаби истеъфои раиси пулис
Сокинони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон рӯзи 27 майи соли ҷорӣ ба нишони эътироз гирдиҳам омада, талаб доранд, ки Баҳодур Холиқов, сардори шуъбаи умури дохилии ин ноҳия ба истеъфо биравад.
Дар ин бора як манбаи “Озодагон” хабар дода, афзуд, норозогии сокинон дар пайи муносибати дағалонаи сардори пулиси Ишкошим бо сокинони маҳаллӣ ба вуҷуд омадааст. Манбаъ мегӯяд, ҷамъомадагон баъди мулоқот бо Абдулло Навҷувонов, муовини вазири умури дохилӣ, ки ваъда дод, чораандешӣ хоҳад кард, пароканда шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 28-уми май дар назар аст, Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури амният низ аз Ишкошим дидан кунад.
Ноҳияи Ишкошим соли 2013 низ шоҳиди тазоҳуроте буд, ки дар он мардум аз кор рондани як маъмури амниятиро мехостанд. Онҳо гуфтанд, ин маъмури амниятӣ дар вақти набудани волидони як духтари наврас дар хонаашон ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст. Дар натиҷа, ин корманди Раёсати амнияти ноҳияи Ишкошим барои ду сол равонаи зиндон шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |