Истиқболи Тоқон Мамитов аз амалкарди мақомот дар Хоруғ
Тоқон Мамитов, собиқ ноиби нахуствазир ва вазири дифои Қирғизистон, Бадахшони Тоҷикистонро аз долон (коридор)-ҳои асосии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон номидааст.
Мамитов дар шарҳи қазияи ахири Хоруғ ва эҳтимоли таъсираш ба амнияти Қирғизистон гуфтааст, ин ҳаводис ба амнияти кишвари ҳамсоя таъсире надорад. Ӯ аз иқдоми мақомоти тоҷик дар Хоруғ истиқбол карда, афзудааст: “Бадахшон яке аз долонҳои интиқоли маводи мухаддир аст. Мақомоти тоҷик вазифадоранд, чораандешӣ кунанд. Агар вазъро зери назорат гиранд, интиқоли маводи мухаддир, аз ҷумла тариқи Қирғизистон, коҳиш хоҳад ёфт.”
Мамитов таҳдиди нисбатан ҷиддиро созмонҳои ҷиноии мусаллаҳ гуфтааст, ки аз ҷумлаи шаҳрвандони кишварҳои гуногун, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ ташкил шуда, феълан дар Афғонистону кишварҳои араб фаъолият доранд. Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи тирпаронӣ дар шаҳри Хоруғ 5 нафар кушта, чанд тан маҷруҳ шуданд. Қирғизистон дар пайи ин ҳодиса ҳимояи марзашро бо Тоҷикистон тақвият бахшид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |