Аснои як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони милиса дар шаҳри Душанбе маводи мухаддир забту мусодира гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, зимнан дар вакзали роҳи оҳани шаҳри Душанбе шаҳрванд Охун Ҳакимов 49 сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Гагарин хонаи 13, ҳуҷраи 27 аз сӯи мақомоти интизомӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 770 грам маводи сахттаъсири «ҳероин» дарёфт ва мусодира шуд. Айни замон нисбати Охун Ҳакимов парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишоти қазия идома дорад.
Мӯҳр