Эмомалӣ Раҳмон: “Вақте корро сар кардем, ягон генерал надоштем"
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 май дар Кохи Ваҳдат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии қушунҳои сарҳадӣ бори дигар аз бенасиб мондани тоҷикон аз ҳаққи мероси аслиҳаву техникаи ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ёд кард.
Ӯ гуфт, вақте нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуд, дар кишвар на генерал буду на сарбоз, ҳатто як милтиқи чӯбин ҳам ёфт намешуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, “вақте сари қудрат омадам, вазорати дифоъ надоштем, ягон генерал надоштем, як сарбоз надоштем, ҳатто як милтиқи чӯбин надоштем. Хуб дар ёд дорам, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, вақте мо ҷавононро ба хизмат даъват мекардем, вақте афсарону сарбозон бе хӯроки хуб ба ватан хизмат мекарданд, ман бовар доштам, ки ояндаи хуб дорем.”
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз рушду пешрафти қувваҳои мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла нерӯҳои марзбонӣ дар давоми 20 соли истиқлолияти Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ҳоло зиёда аз 600 ҷавони тоҷик Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро хатм карда, дар минтақаҳои мухталифи сарҳади давлатӣ адои вазифа мекунанд. “Бар замми ин, ҳоло беш аз 1000 ҷавони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва дохили кишвар таҳсилро давом дода истодаанд”,-афзуд ӯ.
Инчунин, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба раҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва қушӯнҳои сарҳадӣ дастур дод, то оила ва фарзандони марзбонони ҳалокгардидаро бо ҷои кор таъмин карда, ба Омӯзишгоҳи олии сарҳадии кишвар ва Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакат ҷалб намудани фарзандон аз чунин оилаҳо чораҳо андешанд. “Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки дар заминаи Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ курсҳои такмили ихтисос ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил карда, теъдоди ҳарчи бештари афсарон бо ин курсҳо фаро гирифта шаванд”,-таъкид дошт, раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |