Шомил нашудани Мамадбоқир, Айёмбеков ва Шерзамонов ба кумисюн
Кумисюни муштараки иборат аз намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ ба таҳқиқи ҳодисаи ахир дар маркази вилояти Бадахшон, ки панҷ кушта ва чандин захмӣ бар ҷой гузошт, шурӯъ кардаанд.
Алим Шерзамонов, роҳбари дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон, гуфт, ба гуруҳи муштарак аз тарафи сокинони Хоруғ Фаромуз Эргашев -- ҳуқуқшинос, Хурсанд Маҳмадшоев -- собиқ корманди Вазорати умури дохилӣ, Бахтовар Бахтиёров -- собиқ корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Музаффар Муборакшоев -- фаъоли ҷамъиятӣ шомил шудаанд. “Аммо гуфта наметавонам, ки аз тарафи ҳукумат ба ин кумисюни муштарак киҳо дохил шудаанд. Чунин салоҳиятро надорам. Ҳоло мо ба мувофиқа расидем, ки аз натиҷаи тафтишот мардумро огоҳ кунем”,-афзуд ӯ.
Шерзамонов гуфт, номзадии ӯ бо ҳамроҳии Толиб Айёмбекову Мамадбоқир Мамадбоқиров барои шомил шудан ба ҳайати кумисюни муштарак рад шуда, онҳо танҳо ҷараёни тафтишотро назорат мебаранд ва ҳаққи дахолат ба кори аъзои кумисюнро надоранд. Мусоҳиби мо афзуд, рӯзи 26 май аъзои кумисюни муштарак ба чанд гуруҳ тақсим шуда, аз маҳалли рӯёрӯиҳо ва биноҳои сӯхтаи Шӯъбаи умури дохилӣ, Додситонӣ, Додгоҳ ва Раёсати амнияти миллӣ дар Хоруғ боздид кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ин кумисюн дар натиҷаи гуфтушуниди дусоатаи рӯзи 25 май дар Хоруғ таъсис ёфт. Яке аз аъзои кумисюн гуфта, онҳое, ки биноҳоро ба оташ кашидаанд, талош кардаанд, бештар парвандаҳо нобуд бишаванд. Ин аст, ки ба қавли ӯ, корашон мушкилтар шуда, барқарор кардани он парвандаҳо фурсати зиёде металабад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |