Бахшҳо

Пирӯзии Русия ва кафкӯбии Раҳмону оғӯшгирии Путин ва Лукашенко (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар канори ҳамтои русаш - Владимир Путин ва Александр Лукашенко -- президенти Беларус дар бозии ниҳоии мусобиқоти ҷаҳон оид ба хоккей ҳамчун тамошобин ширкат намудааст. Ҳангоми эълони пирӯзии дастаи Русия се раисиҷумҳур кафкӯбӣ карда, якдигарро ба оғӯш мекашанд.

Ин бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Русия ва Финландия оид ба хоккей рӯзи 25 май дар майдони “Минкс-Арнеа”-и шаҳри Минск, пойтати Беларус баргузор шуд. Дар ин дидор тими мунтахаби хоккейи Русия бар ҳисоби 5:2 ба рақибони худ аз Финландия пирӯз шуда, барои бори 27-ум дар таърихи хоккей қаҳрамон шуд.

Ин дар ҳолест, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари расмӣ баъд аз зуҳри 23 май озими Беларус шуда буд. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Эркинхон Раҳматуллозода -- ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Шариф Раҳимзода -- вазири рушди иқтисод ва савдо, Қосими Роҳбар -- вазири кишоварзӣ, Шавкат Бобозода -- вазири саноат ва технологияҳои нав, Абдувалӣ Комилзода -- раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Асадулло Раҳмон -- раиси Кумитаи телевизион ва радио, Маликшо Неъматов -- раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Абдураҳмон Қодирӣ -- раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доштанд.


Мӯҳр
оличаноб. Доимо хамин тавр бошад.

Хокеист
Ин бози дар замоне доир шуд ки таниш миёни Русия ва Аврупову Америка дар сатхи баланд аст ва бози як бозии сиёси буд, Путин бисёр доно аст у дипломат аст ва барои Росия як кахрамон аст. Ин кор бо зиракии хоси Путин анчом шудааст ва сатхи баланди зиракии сиёсии у ва вобастагии ду нафари дигар пахлуяш ба уро нишон медихад, ки якеаш бо ишора ва кумаки мустакими у президент аст ва дигариаш азбаски чораи дигаре надорад ба у руй овардааст.

точикистон ки мутаассифона халки каммаърифат ва кашшокаш бештар аст ва чунин рузгорро бар душ худ макбул донистааст, махсулот намебарорад умуман иктисодиет надорад гуем хам мешавад, зери итоати кишвари абаркудрате мешавад. Лекин Русия бехтар аст аз дигар хамсоягон. Дар бораи Путин агар сухан кунем бояд гуфт,ки Путин дар хакикат хеле доност гуе ки худо уро назар кардааст, хубаш он аст ки мардуми бечораи мо аз сарзамини онхо лукмаи нонащро меебад.ва агар Русия боз хам таракки кунад донед ки Точикистон хам каме рушд меебад.барои он ки таъсираш ба мо хам мерасад. албатта мо орзухои зиед дорем вале хамаи ходисахоро Худованд худаш хал мекунад.Нисбати Путин бадбин будан даркор нест вай барои халкаш ва ватанаш вазифаашро ичро мекунад ва АХСАН бар у!

Саид
Вокеъан Путин ин тухфаи худованди барои Руссия аст,хукукшиноси касби,хатмкардаи факультаи хукукшиносии Университети Ленинград ва корманди хуфияи Шурави.У рохбари оличанобест.

Мухаммад
Ба огои некбин(бадбин)Бехтарин шох ин Куруши кабир буд ки Худованд себор исмашро ба забон овардааст ва хамто надошт ва баъдан тамоми бадбахтии мардуми мо аз дасти ту ва путинхо барин одамхои касалии рухи дошта тамом ва солом

Агар Путин хукукшинос мешуд хукуки Укройнро поймол мекард?

аввал ин ки Худованд илохо ба ту акл бидихад. илохо тухми некиро дар тинатат чой дихад, ки сафедро аз сиех фарк карда тавони. Дар бобати касалии рухи ба ту чунин мегуям, ки номи зебои Мухаммад бар души ту вазбини кардааст, ки ин номи муборакро агар ифлос бардорад Худо мезанад. Номбардори чунин ном поктинат ва нексиришт некхох бояд бошад. бар ту ин сифот нест ва аз ин ру ба касалии рухи худ гирифтор шудаи. Росия бузург аст ва инро танхо ахмак кабул карда наметавонад.Таърихро бештар мутолиа кардан лозим ана баъд фикр карда сухан кардан даркор аст.

Доир ба Украина дар торих омадааст. ин кишвар Окраинаи Империяи Рус буд ва миллаташ малоросцы яъне русчаи хурд аст. Худи миллати украин умуман вучуд надошт онхоро большевикон миллати укроин ном карданд.Дар бораи Крым бошад ин аз кадимулаем аз русхост баъди шикасти аштархонихо ва сулхи онхо бо Империяи Бузурги Рус Крым бо хости тоторхои ин минтака ба Русия дохил шуданд.

Путину Лукашенкоро галстукбандию прихватизатсиякунониро ёд додан даркор.

матни доир ба галстукбанди аз некбин нест онро ба ман начаспонед.

Мухаммад
Ба некбин ( бадбин ) ту бародар мавзуъро ба ислом кашонди аз шох ба шох напар.Аз хадисхои паёмбар Мухаммад(с) хабаре надори ки хахрат фармуд яхуд ва насоро хеч вакт дусти шумо(мусалмонхо)нахоханд шуд.Ва баъдан ту вокеан руспараст будаи ва аз миллати мо хам нести.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)